00:18 17 январи 2018
Пахши мустақим
Деньги, архивное фото

Нархи рӯз: БМТ нархи хариду фурӯши арзҳоро муқаррар кард

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
89 0 0

Бонки миллии Тоҷикистон нархи расмии арзҳои хориҷиро барои хариду фурӯш ва пардохтҳои гумрукӣ барои 20 ноябр муқаррар кард

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии БМТ, миёнгини нархи пули миллии Тоҷикистон дар муъомилоти арзии миёни бонкҳо барои 1 дулори амрикоӣ 8.8300 сомонӣ муқаррар шудааст.

Бонки миллӣ ҳамунин нархи ҳар 1 евроро аз 10.3500 то 10.5000 сомонӣ ва ҳар 1 рубли русиро аз 0.1490 то 0.1500 сомонӣ муқаррар кардааст.

БМТ барои арзҳои хориҷӣ дар муҳосибот ва пардохтҳои гумрукӣ чунин нарх муқаррар кардааст: 1 дулори ИМА = 8.8214 сомонӣ, 1 евро = 10.4084  сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1466 сомонӣ.

БМТ огоҳ мекунад, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо  анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта,   боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад".

Мавзуъ

Тоҷикистон ҷойгоҳи худро дар радабандии Бонки ҷаҳонӣ беҳтар кард
Бонки миллӣ нархи хариду фурӯши арзҳоро муқаррар кард
Барчаспҳо:
нархи арз, Бонки милии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ