18:49 18 январи 2018
Пахши мустақим
Флаги Ирана и Таджикистана, архивное фото

Тоҷикистон ва Эрон мехоҳанд газ ва об додугирифт кунанд

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
20130

Дар дидори муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон бар зарурати баҳрагирӣ аз зарфияти интиқоли об ва газ миёни ду кишвар таъкид шуд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ва ва Алӣ Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон, дар ҳошияи даҳумин Маҷмаъи умумии Маҷмаъи маҷолиси осиёӣ дар Истанбул дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузории IRNA, Алӣ Лориҷонӣ дар ин дидор бо ишора ба аҳаммияти афзоиши сармоягузорӣ миёни ду кишвар гуфт: "Сармоягузорӣ ба хусус дар ҳавзаи барқу интиқоли об аз Тоҷикистон ба Эрон ва интиқоли газ аз Эрон ба Тоҷикистон метавонад нуқтаи атфе дар афзоиши равобити ду кишвар бошад ва ниёзҳои мутақобилро рафъ кунад".

Вай бо ишора ба тавофуқи ахири вазири нерӯи Эрон бо ниҳодҳои тоҷикистонӣ афзуд: "Ширкатҳои эронӣ барои ҳузури иқтисодӣ дар Тоҷикистон омодагӣ доранд".

Раиси Маҷлиси қонунгузори Эрон ба ҳузури теруристҳо дар Афғонистон ишора карду гуфт, ки Теҳрон ва Душанбе бояд барои ҳалли он масоил дар кишвари ҳамсоя ҳамкорӣ ва музокира кунанд.

Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ дар ин дидор гуфт: "Зарурати тақвияти равобити дуҷониба байни Эрону Тоҷикистон дар ҳама заминаҳо эҳсос мешавад".

Хайринисо Юсуфӣ бо ибрози ҳамдардӣ бо миллати Эрон ба далели ҳодисаи бурузи зилзила дар ғарби кишвар гуфт: "Пайвандҳои миёни Эрону Тоҷикистон бисёр зиёд аст ва бояд ба самти тақвияти равобити дуҷониба пеш биравем".

Вай бо ибрози нигаронӣ аз вуҷуди масъалаи теруризм дар Афғонистон гуфт: "Лозим аст, барои ҳалли мушкилоти теруризм пайвандҳо ва ҳамкориҳоро афзоиш дода муттаҳид бошем, ки дар ин замина рӯи кумаки Эрон ҳисоб кардаем".

Барчаспҳо:
обу газ, додугирифт, Алӣ Лориҷонӣ, Хайринисо Юсуфӣ, Тоҷикистон-Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ