21:58 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Қатар, акс аз бойгонӣ

Соҳибкорони Тоҷикистону Қатар мулоқот мекунанд

© Sputnik / Валерий Мельников
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
20 0 0

Сафири Тоҷикистон дар Қатар бо раиси анҷумани соҳибкорони Қатар мулоқт кард. Дар рафти суҳбат масоили таҳкими робитаҳои соҳибкорони ду кишвар ва роҳандозии содироти маҳсулоти ширкату корхонаҳои Тоҷикистон ба Қатар баррасӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки ба наздикӣ соҳибкорони Тоҷикистону Қатар мулоқот хоҳанд кард.

Бино бар иттилои манбаъ, ин мулоқот зимни дидори сафири Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, ки дар рафти суҳбат масоили таҳкими робитаҳои соҳибкорони ду кишвар ва роҳандозии содироти маҳсулоти ширкату корхонаҳои Тоҷикистон ба Қатар баррасӣ шуданд.

Раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ҷаззобияти сармоягузорӣ ва тавсеаи зарфиятҳои иқтисодии Тоҷикистонро барои фаъол намудани равобити дуҷониба ва байниминтақавӣ махсус қайд кард. Шайх Файсал Оли Сонӣ изҳор намуд, ки соҳибкорони Қатар ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, логистика, саёҳат ва сохтмони меҳмонхонаҳо алоқамандии зиёд доранд.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо баргузор намудани вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатарро дар наздиктарин фурсат зарур шумориданд.

Барчаспҳо:
мулоқот, соҳибкор, Қатар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ