05:26 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Флаги стран участниц ЕАЭС, архивное фото

Назарсанҷӣ: дар Тоҷикистон камтар ба узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Уросиё таваҷҷуҳ доранд

© Sputnik / Asatur Yesayants
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
83 0 0

Бонки уросиёии тавсеъа дар гузорише эълом кард, ки таваҷҷуҳи мардуми Тоҷикистон ба узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди иқтисодии Уросиё коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Тоҷикистон аз рӯи арзёбии мусбати мавзуъи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Уросиё дар болотарин ҷойгоҳи радабандии кишварҳо қарор дорад, гуфта мешавад дар гузориши Бонки уросиёии тавсеъа (БУТ) "Андозагирии ҳамгароӣ дар соли 2017".  

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар панҷ соли ахир таваҷҷуҳи мардуми Тоҷикистон барои пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии Уросиё коҳиш ёфтааст.

"Агар дар соли 2012 беш аз 76 дарсад аз мардуми Тоҷикистон хостори пайвастани кишварашон ба Иттиҳодияи иқтисодии Уросиё буданд, имсол ин рақам ба 69 дарсад расидааст", — гуфта мешавад дар ин гузориш.

Ҳамзамон 18 дарсад аз мардуми Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин мавзуъ дигар барояшон аҳамият надорад, 10 дарсад натавонистаанд посухе бидиҳанд ва 2 дарсад ҳам мухолифи пайвастани Тоҷикистон ба ИИУ будаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки чанд пеш вазири умури хориҷии Русия аз пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Уруосиё дар оянда хабар дода буд.

"Русия аз пайвастани Озарбойҷон ба Иттиҳоди иқтисодии Уросиё истиқбол хоҳад кард. Ин як иттиҳоди бози интегролӣ аст ва аз пайвастани кишварҳои нав ҳамеша истиқбол хоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир имконоти пайвастани Тоҷикистон ба ин созмон баррасӣ мешавад", — гуфта буд Лавров дар дидор бо донишҷӯёни донишгоҳи дипломатии шаҳри Боку.

Бино ба гузоришҳои расонаҳои хабарии Русия ва Озарбойҷон, Лавров гуфта, "бисёре аз кишварҳои ҷаҳон хостори роҳандозии равобити ҳамкорӣ бо ин иттиҳод ҳастанд".

Вазири умури хориҷии Русия афзуда, "кишварҳое дар навбат истодаанд, то дар мавриди минтақаи озоди бозаргонӣ тавофуқ кунанд. Дар зимн, Иттиҳоди Урупо аз роҳандозии иртибот бо ИИУ худдорӣ мекунад. Онҳо худро муҷозот мекунанд, мо низ аз ин бурд нахоҳем кард. Набояд барои рақобат бо дигарон бошгоҳҳои пӯшида иҷод кард".

Мавзуъ

Сергей Лавров: Тоҷикистон ҳам ба Иттиҳоди иқтисодии Уросиё мепайвандад
Бэйби буми тоҷикӣ ё Душанбе аз пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Уросиё чӣ суд мебинад?
Бишкек бо воми Остона марзи Иттиҳоди иқтисодии Авросиёро мебандад
Тоҷикистон мехоҳад мақоми кишвари нозир дар Иттиҳодияи иқтисодии Авросиёро ба даст орад
Барчаспҳо:
Бонки уросиёии тавсеъа, Иттиҳоди иқтисодии Уросиё, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ