21:59 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Фурушгоҳ дар Душанбе

Меваву сабзавоти Тоҷикистон дар Урал ҳам харидор пайдо мекунанд

© Фото: МИД РТ
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
34 0 0

Дар соли 2018 дар Екатеринбург маркази савдои "Шаҳри сабзавотҳо" ба кор медарояд ва кишоварзони тоҷикистонӣ умед доранд, ки дар Русия бозори нави савдои меваву сабзавот пайдо мешавад

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Тоҷикистон дар назар дорад, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзиро ба Урали Миёна бештар кунад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Утоқи саноеъву бозаргонии Урал.

Чанде пеш ҳайъате аз соҳибкорони вилояти Суғд аз вилояти Свердлов боздид кардааст. Онҳо умедворанд, ки дар Русия бозорҳои нав барои фурӯши меваву сабзавот пайдо хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2018 дар Петербург фурӯшгоҳи занҷираии "Шаҳри сабзавот" ба баҳрабардорӣ расидааст. Дар назар дошта шудааст, ки ин фурӯшгоҳ дар 28 ҳектар замин бунёд мешавад ва дар он маҳсулот коркард, нигаҳдорӣ ва фурӯхта мешавад. Ҳамчунин дар ин фурӯшгоҳ меҳмонхона, бозор, бинои маъмурӣ ва таваққуфгоҳ барои худравҳои боркаш сохта шаванд.

Пештар хабар дода шуд, ки шаҳрдории Нижний Новгород ва Прем хостори ворид шудани меваву сабзавот ва нӯшобаву асал аз Тоҷикистон шудааст.

Ҳамчунин бештар аз 200 корхонаҳои хӯроквориву саноатӣ ва савдои яклухту чаканаи Русия изҳор доштаанд, ки омодаанд бо ширкатҳои Тоҷикистон мустақиман қарордод банданд.

Барчаспҳо:
мева, сабзавот, фурӯш, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ