Узбакистон ва Қирғизистон ба арзиши беш аз $140 млн қарордоду созишнома бастанд

© uzexpocentreНа территории ташкентского "Узэкспоцентра"
На территории ташкентского Узэкспоцентра - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Яке аз ин санадҳо созишнома миёни Вазорати бозаргонии хориҷии Узбакистон ва Вазорати иқтисоди Қирғизистон барои густариши ҳамкорӣ дар заминаи сармоягузории тиҷорӣ аст

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Вазоратҳои иқтисод ва бозаргонии Узбакистон ва Қирғизистон ба арзиши куллии беш аз 140 милюн дулори амрикоӣ қарордоду созмшнома имзо кардаанд.

"Узбакистон ва Қирғизистон дар чорчӯби ҳамоиши бозаргоние, ки дар Тошканд баргузор шуд, 60 қарордоду созишнома ба арзиши куллии беш аз 140 милюн дулор имзо карданд", — гузориш медиҳад Sputnik Узбакистон.

Яке аз ин санадҳо созишнома миёни Вазорати бозаргонии хориҷии Узбакистон ва Вазорати иқтисоди Қирғизистон барои густариши ҳамкорӣ дар заминаи сармоягузории тиҷорӣ аст.

Ҳамчунин ду кишвар "нақшаи роҳи" густариши равобиту ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ, сармоягузорӣ ва таробариву иртиботиро низ имзо кардаанд.

Дар ин росто нахуствазири Қирғизистон чанде пеш дастур дода буд, ки чаҳор осоишгоҳеро, ки дар замони шуравӣ дар канораи Иссиқкӯл сохта шуда буданд, ба Узбакистон вогузор карда шаванд. 

Лентаи хабарҳо
0