12:54 16 январи 2018
Пахши мустақим
Фурӯшгоҳи маҳсулоти арзон. Акс аз бойгонӣ

Милисаҳо гӯштро арзон хариданд: ба муносибати Соли нав

© Фото: пресс служба МВД РТ
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон (18)
226 0 0

Кишоварзони ноҳияҳои Тоҷикистон маҳсулоташонро бо нархи арзон ба милисаҳо фурӯхтанд

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ба гузориши ВКД ҶТ, дар остонаи Cоли нави мелодӣ бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ намоишгоҳ-фурӯшгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд.

Дар ин ярмарка маҳсулоти ғизоӣ аз қабили гушту биринҷ, равғану шакар, тухму орд, картошкаю пиёз, навъҳои гуногуни мева ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум пешкаши харидорон карда шуд.

"Тамоми маҳсулот аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасон пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо нархи онҳо 30 фоиз арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд", — омадааст дар хабарнома.

1 / 2
Фурӯшгоҳи арзон барои кормандони ВКД

Ёдоварӣ ӣмешавем, ки дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳои идона чунин ярмаркаҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ташкил мешавад.

Мавзуҳо:
Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон (18)
Барчаспҳо:
ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, ВКД-и Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ