07:17 21 январи 2018
Пахши мустақим
Сомонӣ ва рубл, акс аз бойгонӣ

Бонки миллӣ: арзиши сомонӣ дар соли 2017 нисбат ба рубл 20,8 дарсад коҳиш ёфт

© Sputnik
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Дар аввали сол агар 1 рубл 0,1261 сомонӣ арзиш дошт, 31-уми декабр ҳар рубл баробар бо 0,1524 сомонӣ шуд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Пули миллии Тоҷикистон — сомонӣ нисбат ба рубли русӣ дар як сол то 20,8 дарсад арзон шуд, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Чунончӣ, дар оғози порсол агар 1 рубл 0,1261 сомонӣ арзиш дошт, 31-уми декабр ҳар рубл баробар бо 0,1524 сомонӣ шуд, омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, арзиши сомонӣ нисбат ба дулар то 11,9 дарсад коҳиш ёфтааст. Чунончи, 1 январи соли 2017 Бонки милли Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба дулор 7,8762 сомони муқаррар карда буд, вале 31-уми декабр 1 дулор бо 8,8190 сомонӣ баробар шуда буд.

Арзиши сомонӣ нисбат ба евро низ дар соли 2017 то 27,3 дарсад коҳиш ёфта ва аз 8,3070 то 10,5766 сомонӣ барои ҳар 1 евро арзон шудааст.

Барчаспҳо:
арзиш, сомонӣ, рубли русӣ, Бонки милии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ