10:23 19 январи 2018
Пахши мустақим
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон принял участие в церемонии открытия и сдачи в эксплуатацию первой очереди текстильного комплекса ЗАО Джунтай — Дангара Син — Силу Текстил // Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

МОИ "Данғара" дар соли 2017 беш аз 10,3 млн $ сармоягузорӣ ҷазб кард

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
57 0 0

Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" дар соли гузашта 91 милюн сомонӣ (беш аз 10,3 милюн дулор) сармоягузории мустақим ҷазб кард

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" дар соли гузашта 91 милюн сомонӣ (беш аз 10,3 милюн дулор) сармоягузории мустақим ҷазб кард.

Ба гузориши ТоҷикТА ба нақл аз мудирияти МОИ "Данғара", дар ин минтақа ҳамакнун 31 ширкат фаъолият мекунад, ки 7 то аз онҳо бунгоҳҳои тавлидӣ ва хидматрасон ҳастанд.

Аз ҷумла, дар МОИ "Данғара" тавлиди маводи шӯянда, созаҳои филиззӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра роҳандозӣ шудааст.

Соли гузашта ширкатҳои МОИ "Данғара" ба арзиши 19 милюн сомонӣ коло тавлид карданд, ки 3 милюн сомонӣ бештар аз соли 2016 аст.

Дар соли 2017 дар ин минтақа як ширкати тавлиди масолеҳи сохтмонӣ ва саноеъ низ оғоз ба кор кард.

Бар асоси додаҳои манбаъ, аз оғози фаъолияти МОИ "Данғара", яъне аз соли 2011, то кунун беш аз 1 милёрду 486 милюн сомонӣ (168,6 милюн дулор) сармоягузорӣ ҷазб шудааст. Ширкатҳои чинӣ, эронӣ ва русӣ дар ин МОИ бештар сармоягузорӣ кардаанд.

Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" дар 521,3 ҳектор замин аз ноҳияи Данғара бунёд шудааст. Соли 2015 маросими оғози сохтусози се корхонаи бузург ба арзиши беш аз 1,6 милёрд сомонӣ дар ин минтақа бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.

Мавзуъ

Ширкати чинӣ то поёни сол минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"-ро ба хатти барқ мепайвандад
Дастовардҳои сафари раисҷумҳур ба Данғара: дабиристон, ҷӯйбор, корхона
Барчаспҳо:
сармоягузорӣ, МОИ "Данғара", Данғара, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ