07:34 21 январи 2018
Пахши мустақим
Подсчет денег, архивное фото

БМТ: мизони таваррум дар соли 2017 камтар аз пешбиниҳо буд

© Sputnik Игорь Лекаркин
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
44 0 0

Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ карда буд, ки дар поёни соли 2017 мизони таваррум 7 дарсад хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ба гузориши Бонки миллии Тоҷикистон, дар поёни соли 2017 мизони таваррум дар бахши масраф 6,7 дарсад будааст. Ин рақам дар моҳи декабр 0,3 дарсад баровард шудааст.

"Саҳми маводи хӯрокворӣ дар мизони таварруми солона 4,3 дарсад, маводи ғайрихӯрокӣ 1,2 дарсад ва хидматрасонӣ 1,2 дарсад буд", — гуфта мешавад дар гузориши БМТ.

Пештар БМТ сатҳи мизони таваррум дар поёни солро 7 дарсад пешбинӣ карда буд. Имсол низ пешбинӣ карда, ки мизони таваррум дар ҳамин сатҳ хоҳад буд.

Таҳлилгарони БМТ боло набудани мизони таваррумро ба фаъолсозии сиёсати пулии таваррумзудоӣ ва субот ёфтани вазъият дар бозори нақдии дохилӣ вобаста медонанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар поёни соли 2016 мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,1 дарсад буд. Болотарин сатҳи мизони таваррум дар соли 2011 сабт шуда буд, ки нархҳо ва хидматрасониҳо 12,5 дарсад афзоиш ёфта буданд.

Поинтарин сатҳи мизони таваррум дар кишвар соли 2013 сабт шуда, ки 5,1 дарсад буд.

Мавзуъ

SWIFT: дар БМТ пешгирии қаллобӣ ва амнияти иттилоотӣ баррасӣ шуд
Нархи рӯз: БМТ нархи хариду фурӯши арзҳоро муқаррар кард
Шайх Абдулло ба БМТ: бо сармоягузорони Қатар бонки исломӣ бисозед
Намояндагони БОР ба БМТ: пешниҳодатонро ба роҳбариятамон мерасонем
Барчаспҳо:
бахши масраф, таваррум, Бонки милии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ