Дар бораи вазири нави молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода чи медонем?

© Пресс-служба президента РТНовый министр финансов РТ КАХХОРЗОДА Файзиддин
Новый министр финансов РТ КАХХОРЗОДА Файзиддин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Файзиддин Қаҳҳорзодаро ба ҷои Абдусалом Қурбониён вазири молия таъйин кардааст

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода то кунун раёсати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистонро бар дӯш дошт.

Вай 5 августи соли 1971 дар ноҳияи Восеъ зода шудааст. Солҳои 1989 – 1992 дар Нерӯҳои дарёии Иттиҳоди Шуравӣ хидмати низомӣ кардааст.

Соли 1997 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро дар риштаи иқтисоди байналмилалӣ хатм кардааст.

Президент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баъди танбеҳи раисҷумҳур: вазири молия аз мақомаш барканор шуд

Вай дар солҳои 1997 – 2015 дар симатҳои сардори Хадамоти амнияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ҳисобдори дараҷаи 3, иқтисоддони дараҷаи 1, муовини сардори Шуъбаи муомилоти пулӣ, сардори Шуъбаи назорати арзии Департаменти бозаргонии хориҷӣ, сардори Шуъбаи назорати арзӣ ва қарздиҳии Департаменти бозаргонии хориҷӣ, муовини мудир – сардори Идораи амалиёти арзии Департаменти бозаргонии хориҷии “Ориёнбонк”, муовини мудири Ожонси хариди молҳо, кор ва хидматрасонӣ, муовини мудири Ожонси хариди давлатии мол, кор, хидматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржаӣ, Муовини сардори Сарраёсат – сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои мутамарказ, Сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Файзиддин Қаҳҳорзода бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2015 муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда буд.

Вай дар солҳои 2016 – 2017 муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Раисҷумҳури Тоҷикистон кор мекард.

Ӯ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  23 январи соли 2017 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда буд.

Ҳукумати Тоҷикистон ӯро бо нишони “Хидмати шоиста” сарфароз гардондааст.

Лентаи хабарҳо
0