Додгоҳи олии Русия манъи ҳиҷоб дар макотиби Мордовияро баррасӣ мекунад

© Flickr \ HaifeezБонувон бо ҳиҷоб. Акс аз бойгонӣ
Бонувон бо ҳиҷоб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи олии Мордовия дар моҳи октябри соли 2014 ба бонувони макотиби ин минтақа пӯшидани ҳиҷоб дар дарсҳоро баъд аз он ки як духтарак дар таннафус сӯзанаки ин либосро фурӯ бурд, манъ карда буд.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Додгоҳи олии Русия муҳокимаи шикоят аз манъи пӯшидани ҳиҷоб дар макотиби Мордовияро ба 11 феврал таъйин кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар моҳи октябри соли 2014 Додгоҳи олии Мордовия ба бонувони муҳассили минтақа пӯшидани ҳиҷоб дар дарсҳоро баъд аз он ки як духтарак дар таннафус сӯзанаки ин либосро фурӯ бурд, манъ карда буд. Қабл аз ин қарори манъи пӯшидани ҳиҷобро ҳукумати минтақа тасвиб карда буд, вале намояндагони ҷамъияти мусалмонони минтақа ин қароррро ғайриқонунӣ дониста ба додгоҳ шикоят бурданд.

"Ба додгоҳ шикоят бо дархости лағви қарори Додгоҳи олии Мордовия дар бораи манъи пӯшидани ҳиҷоб дар дарсҳо аз сӯйи бонувон ворид шуд. Додгоҳ онро 11 феврал баррасӣ мекунад", — гуфт намояндаи додгоҳ ба хабаргузорӣ.

Пӯшидани ҳиҷоб ва анвои дигари либоси мазҳабӣ дар макотиби дунявии Русия борҳо мавриди баҳсҳои тунд дар ҷомеъа шуда буд. Дар ин робита раиси ҷумҳури кишвар Владимир Путин изҳор дошт, ки пӯшидани ҳиҷоб дар муъассисоти таълимӣ ҳеҷ хубие надорад: ба гуфтаи вай, ин гуна одат дар Русия ва ҳатто дар манотиқи мусалмоннишин ҳеч вақт набуд.

Мақомоти кишвари Ставропол нахустин минтақае буд, ки қарори манъи пӯшидани ҳиҷоб дар макотибро роҳандозӣ ва Додгоҳи олии Русия аз ин амр пуштибонӣ кард. Вазири омӯзиш ва илми Русия Дмитрий Ливанов изҳор дошта буд, ки кӯдаконе, ки ҳиҷоб мепӯшанд, бояд дар муассисоти таълимии мазҳабӣ таҳсил кунанд.

Лентаи хабарҳо
0