10:38 19 январи 2018
Пахши мустақим
Рӯйхати довталабоне, ки барои шомил шудан ба донишгоҳ пешниҳод шудаанд. Акс аз бойгонӣ

Оғози бақайдгирии довталабон барои супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ

© Sputnik / Павел Лисицын
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
104 0 0

Маркази миллии тестӣ бо мақсади таъмини дастрасии хоҳишмандон барои аз қайд гузаштан дар 24 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ 26 нуқтаи бақайдгирӣ ташкил карда шуд.

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2015 оғоз шуд, менависад сойти ММТ.

Дар асоси таҳлилҳо оид ба шумораи умумии хатмкунандагон ва бо мақсади таъмини дастрасии хоҳишмандон барои аз қайд гузаштан дар 24 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ 26 нуқтаи бақайдгирӣ ташкил карда шуд. Бақайдгирӣ то 15-уми апрел идома ёфта, дар ин мӯҳлат хоҳишмандон метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии ба маҳалли зисташон наздик ҳозир шуда аз қайд гузаранд.

Ба иттилои манбаъ, дар соли ҷорӣ довталабон ҳуқуқ доранд дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) бо назардошти муассисаи таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил, то 12 ихтисосро интихоб кунанд.

Зимнан, дар баробари нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ боз дар 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ташкили 6 нуқтаи сайёри бақайдгирӣ ба нақша гирифта шудааст.Соли ҷорӣ 33 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (аз ҷумла, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шомил гардидаанд, ба истиснои Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов.

Барои аз қайд гузаштан лозим аст, ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва расид дар бораи пардохти маблағи муқарраршудаи арзиши хизматрасониро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ки дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" дода шудааст, дар нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод карда шавад.

Барчаспҳо:
ҳуҷҷатсупории довталабон, имтиҳони дохилшавӣ, маркази миллии тестӣ, ММТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ