02:04 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Китоби Забони русӣ. Акс аз бойгонӣ

Забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон як соат бештар мешавад

© Sputnik / Андрей Иглов
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
41 0 0

Барномае, ки дар Тоҷикистон аз соли 2004 то 2014 амалӣ мешуд, натавонистаст ба ҳадаф бирасад, биноан мақомот барномаи дигареро мехоҳанд татбиқ созанд.

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дарси забони русӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2015 як соат бештар мешавад, навиштааст хабаргузории "Озодагон".

Игор Лякин-Фролов дар дидор бо хабарнигорон
Предоставлено пресс-атташе посольства РФ в РТ Алексеем Рыковым

То кунун "Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014", ки соли 2004 пазируфта шудааст, амалӣ мегардид, гуфтааст Зулфия Сафарова, сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба хабаргузорӣ.

"Тавассути ин барнома мо бештар бо Вазорати маориф ва илми Россия ҳамкорӣ кардем. Бо ибтикори сафорати Русия дар Тоҷикистон, дар Донишгоҳи славянии ҷумҳурӣ давраҳои семоҳаи бозомӯзии омӯзгорони фанни забони русӣ ташкил гардид. Китобҳои методию дарсӣ омода намуда, ба тамоми муассисаҳои таълимӣ дастрас кардем. Ин барнома даҳ сол амал кард ва марҳалаи аввали он соли 2014 ба поён расид. Бояд бигӯям, ки на ҳамаи бандҳои барномаи қаблӣ ба пуррагӣ иҷро шуданд", — афзудааст Сафарова.

Ба иттилои ин масъул ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2014 "Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро қабул кардааст, ки бар асоси он барои хонандагони синфҳои болоӣ, ки қаблан аз фанни забонҳои русӣ 3 соат дарс мегирифтанд, акнун як соати дигар илова мешавад.

Мавзуъ

Зарурати омӯхтани забони русӣ
Расонаҳо: мутахассисин аз супоридани санҷиши забони русӣ озод мешаванд
Дар Русия ба фарзандони муҳоҷирин забони русӣ меомӯзанд
Барчаспҳо:
аз сентябри 2015, бештар, як соат, афзоиш, дарси Забони русӣ, Вазорати маориф ва илми Русия, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Зулфия Сафарова, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ