01:59 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Қолинбофӣ. Акс аз бойгонӣ

Хонандагони тоҷик дарси қолинбофӣ меомӯзанд

© Sputnik / Виталий Карпов
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба ҳама мактабҳои кишвар дастур додааст, ки ба қадри тавонашон дарси қолинбофиро ҷорӣ кунанд. Масъулон мегӯянд, ин тасмим барои рушди ҳунарҳои миллист.

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Нуриддини Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дастури расмӣ додааст, ки дар тамоми мактабҳои миёнаи кишвар таълими дарси қолинбофӣ ҷорӣ шавад, менависад "Радиои Озодӣ".

Ҷалолиддин Амиров, як масъули Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, рӯзи 1 май дар сӯҳбат бо радио гуфтааст, омӯзиши қолинбофии дастӣ аллакай дар баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти касбии кишвар ба роҳ монда шуда, акнун дар мактабҳои миёнаи дорои шароити беҳтар ҳам ба писарон ва ҳам духтарон омӯзонда мешавад.

Ба қавли вай, омӯзгорон қолинбофӣ ва ҳунарҳои дигари мардумиро ба хонандаҳо дар дарси "Технологияи таълими меҳнат" ва инчунин, дар соатҳои беруназдарсӣ таълим медиҳанд.

"Ин чиз дар Афғонистону Эрон рушд кардааст. Дар мо ҳам ин чиз пештар буд, аммо баъд аз пошхӯрии шӯравӣ аз байн рафт. Ҳоло мехоҳем дубора эҳё кунем. Ин як ҳунари мардумӣ аст, қолин дар ҷаҳон нархи гарон дорад ва ҳоло бубинед, қолинҳое, ки аз Туркияву Эрон дар бозор дар фурӯшанд, чӣ қадар нархи гарон доранд. Рушди ин соҳа метавонад ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат кунад. Ба ин восита метавонад дар ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар саҳм гузорад", — гуфтааст Амиров.

Книга Э. Рахмона Таджики в зеркале истории на французском языке. Архивное фото
Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Қарор аст омӯзиши дарси қолинбофӣ аз соли нави хониши 2015 — 2016 ва аз мактабҳои Исфара, Конибодом ва минтақаҳое, ки дар он ҳунарҳои мардумӣ рушд кардаанд, шурӯъ шавад. Ҷалолиддин Амиров мегӯяд, омодасозии мутахассисон барои таълими қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ ба хонандаҳо дар муассисаҳои таълимие, ки омӯзгор тайёр мекунанд, оғоз ёфтааст. Ӯ афзуд, ҳоло дар литсейҳои касбии Ёвон, Хуҷанд, Исфара аллакай муҳассилин ҳунари қолинбофии дастиро аз худ мекунанд.

"Технологияи таълими меҳнат" ҳоло дар мактабҳои Тоҷикистон ҳафтае як бор гузаронда мешавад ва ба гуфтаи омӯзгорон ҳарчанд ин 1 соат хеле кам аст, аммо солҳои ахир дар ин дарс бештар таваҷҷӯҳ ба ҳунарҳои мардумӣ ва миллӣ, мисли гулдӯзиву зардӯзӣ равона шудааст.

Ҷорӣ кардани дарси махсуси қолинбофӣ дар мактабҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки соли гузашта масъулони ҳукумати виляоти Суғд гуфта буданд, беш аз 600 мактаби миёнаи ин минтақа соҳиби танӯрхона ва наздики 900 мактаб соҳиби оташдон шудаанд.

Барчаспҳо:
эҳё, ҳунарҳои мардумӣ, духтарону писарон, хонандагон, "Технологияи таълими меҳнат", ҳатмӣ, қолинбофӣ, дарс, вазорати маориф ва илм, Ҷалолиддин Амиров, Нуриддин Саид, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ