23:30 30 апрели 2017
Пахши мустақим
Хонандагони мактаби миёна дар деҳа. Акс аз бойгонӣ

Айнӣ: мактаб ба номи майор Идиев гузошта шуд

© Sputnik Игорь Лекаркин
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Дар чорабинӣ омӯзгорону ҳамсинфон ва дӯстону наздикони Алибой Идиев суханронӣ намуда, хотираҳои худро аз рӯзгори ӯ, ки замоне дар ин муассисаи таълимӣ таҳсил карда буд, ёдовар шуданд.

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Мактаби таҳсилоти умумии №57 дар ноҳияи Айнӣ ба номи корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД (ОМОН) майори милитсия Алибой Идиев гузошта шуд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохила.

Ба навиштаи манбаъ, Алибой Идиев дар амалиёт алайҳи гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), собиқ муовини вазири дифоъ ба ҳалокат расида буд.

Дар маросими номгузории мактаб муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Умарзода Икром, раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода, намояндагони шӯъбаи маориф ва пайвандони Идиев иштирок карданд.

Зимни ин маросим генерал  Умарзода аз саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таҳкими суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ибрози назар карда, аз корнамоии корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД, майори милитсия Алибой Идиев, ки дар ҳодисаҳои моҳи сентябр, ҳангоми иштирок дар муқовимати мусаллаҳона алайҳи гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор ҳалок гардида буд, ёдовар шуд.

Ҳамзамон, раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода иброз дошт, ки мо ҳамеша фарзандони диёрро дар симои Алибой Идиев, ки барои Ватан ва давлату миллат хизмат намудаанд, фаромӯш намесозем.

Дар чорабинӣ омӯзгорону ҳамсинфон ва дӯстону наздикони Алибой Идиев суханронӣ намуда, хотираҳои худро аз рӯзгори ӯ, ки замоне дар ин муассисаи таълимӣ таҳсил карда буд, ёдовар шуданд

Барчаспҳо:
фаромуш намешавад, ёдоварӣ аз афсар, номгузории мактаб ба номи майор, ОМОН, Дастаи таъиноти махсуси ВКД, ВКД, Неъматулло Раҳматуллозода, Умарзода Икром, Алибой Идиев, Абдуҳалим Назарзода, Ҳоҷӣ Ҳалим, Айнӣ, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ