00:59 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Синфи таълимӣ дар мактаб. Акс аз бойгонӣ

Бунёди мактаб дар Тоҷикобод бо кӯмаки Ҷопон

© Sputnik / Сергей Ещенко
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
35 0 0

Ҷопон тайи чанд соли ахир дар Тоҷикистон 352 тарҳро бо маблағи умумии 28,5 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кардааст.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар рустои Сабзазори ноҳияи Тоҷикобод мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, ки бо сармояи давлати Ҷопон бунёд шудааст, ифтитоҳ гардид.

Бино ба иттилоъи Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳ раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳусейн Ализода ва Ю Ишикава, масъули бахши равобити ҷамъиятии ин сафорат ширкат кардаанд.

Мактаби нави рақами 15-и деҳаи Сабзазор дорои панҷ синфхона ва як утоқи муаллимон буда ва бо маблағи ҳудуди 100 ҳазор доллари амрикоӣ бунёд шудааст.

Ҳамкориҳои давлати Ҷопон бо Тоҷикистон аз соли 1996 шурӯъ шуда ва то ҳол ин кишвар дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, таъмин бо оби нӯшокӣ ва муҳити зист 352 тарҳро бо маблағи умумии 28,5 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кардааст.   

Мавзуъ

Ҷопон дар Душанбе дастовардҳояшро муаррифӣ кард
Барчаспҳо:
сохта шуд, тарҳ, лоиҳа, мактаб, бунёд, ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод, Сафорати Ҷопон дар Душанбе, Ю Ишикава, Ҳусейн Ализода, Сабзазор, Тоҷикобод, Ғарм

Мавзӯъҳои асосӣ