Маркази миллии тестӣ "эссе"-нависии хонандагони тоҷикро месанҷад

© Sputnik /  / Гузариш ба медиабонкДарс дар мактаб. Акс аз бойгонӣ
Дарс дар мактаб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази миллии тестии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи навиштани эссеро санаи 21-22 ноябри соли равон месанҷад. Эссе аз ҷониби 1015 нафар иштирокчиён дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ навишта мешавад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон дониши хатмкунандагони макотиби миёнаи кишвар аз навиштани санҷида мешавад, ки шурӯъ аз соли 2018 яке аз имтиҳони асосии дохилшавӣ ба макотиби олии кишвар хоҳад буд.

Санҷиш дар 28 мактаби миёна аз ҷониби намояндагони Маркази миллии тестии ҶТ дар пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ санаи 21-22-уми ноябр гузаронида мешавад.

Чунин намуди санҷиш ба фоидаи кор хоҳад буд, чун соли равон сатҳи дониши хонандагони тоҷик аз фанни забони модарӣ нисбат ба математика ва физика пасттар буд.

Имтиҳонсупорӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар соли 2018 барои довталабон супоридани “эссе” ҳатмӣ мешавад

"1015 хатмкунандагони мактаби миёна  дар мавзӯъҳои  таърихӣ ва фарҳангӣ эссе менависанд. Кори хаттӣ натанҳо тарзи фикронии хонандагонро муайян менамояд, балки ёрӣ медиҳад, то самти асосии кор бо хонандагонро то соли 2018 барои муаллимон муайян менамоянд",-шарҳ медиҳад сардори шӯъбаи тестии марказ Ҷамшед Азимов.

Баъди ду сол зимни имтиҳонсупорӣ ва навиштани эссе ду чиз ба назар гирифта мешавад: мазмун ва имло. Матн бояд аз ду варақи А4 иборат бошад қисмҳои зеринро дар бар гирад: гузоштани савол, мавқеи муаллиф, мисол аз адабиёт ва зиндагӣ ва ҳамчунин хулосаи шавқовар.

Эссе бо забони тоҷикӣ навишта мешавад, вале интизор меравад, ки барои хонандагоне, ки хатмкунандаи синфҳои русӣ мебошад, каме мушкилӣ ба бор орад, вале кормандони марказ бовар мекунонанд, ки онҳо танқисӣ нахоҳанд дошт, чун дар мактабҳои русӣ низ, барномаи забони тоҷикӣ дарс дода мешавад.

Талабагони синфи якум дар мактаби шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Хонандагони тоҷик истироҳат мекунанд, муаллимон меҳнат

"Соли 2018, замоне, ки навиштани эссе зимни супоридани имтиҳони дохилшавӣ ба шарти асосӣ мешавад, зиёда аз 700 мутахассиси соҳаи забон ва адабиёти тоҷик ба тафтиши он ҷалб карда мешаванд. Эссе аз ҷониби ду мутахассиси гуногун санҷида мешавад",-хабар дод Азимов.

Дар баробари ин боз як навгарии дигар хатмкунандгони тоҷикро интизор аст. Охири соли равон Маркази миллии тестӣ барномаи онлайни т ба роҳ мемонад, ки мақсади он танҳо санҷидани дониши хатмкунандагон мебошад.

Саволҳои тести онлайн, дар имтиҳоноти дохилшавӣ такрор нахоҳанд шуд. Ин саволҳо аллакай дар имтиҳоноти солҳои қаблӣ (компоненти А-ки барои ҳамаи доавталабон ҳатмӣ аст) истифода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0