06:09 23 майи 2017
Пахши мустақим
Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Омӯзиши фанни нав дар мактабҳои Тоҷикистон: Сарқонун

© Sputnik Игорь Лекаркин
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
49 0 0

Дар бораи аҳамияти фанни нав- Сарқонун дар мактабҳо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори ақида намудааст. Мақсади ҷорӣ намудани фанни нав омӯхтани принсипҳои асосии Конститутсияи кишвар мебошад

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik.Дар мактабҳои Тоҷикистон дар соли таҳсили оянда як фанни дигар ворид карда мешавад- Сарқонун.

Дар бораи аҳамияти таълимоти ин фанн президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори ақида намуд, мегӯяд вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид. Ба гуфтаи вай мақсади ворид намудани Сарқонун ҳамчун фанни омӯзишӣ дар мактабҳо,  омӯзиши принсипҳои асосии Сарқонуни кишвар аз ҷониби ҷовонон мебошад.

Фанни Сарқонун соли таҳсили оянда ҷорӣ мешавад, онро талабагони синфҳои 8 ва 9 азхуд мекунанд. Барои омӯзиши ин фанн китоби дарсӣ аз ҷониби Суди конститутсионӣ ва Маркази ҳуқуқии назди президенти Тоҷикистон баҳори ҳамин сол тайёр карда мешавад.

"Дар доираи омӯзиши Сарқонун мактаббачагон бо қонунгузориҳои ӯҳдадарориҳои волидайн дар тарбияи фарзанд ва ба танзими  анаъанаву маросимҳои миллӣ  шинос мешаванд", — мегӯяд вазири маорифи Тоҷикистон.

Пештар хабар дода шуда буд, ки аз соли 2020-ум Тоҷикистон ба низоми таҳсили 12-сола мегузарад.

Барчаспҳо:
соли таҳсили оянда, фанни нав, вазорати маориф ва илм, Нуриддин Саид, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ