12:31 24 апрели 2017
Пахши мустақим
Бахтовар Ҳотамов ва дигар иштирокчиёни олимпиадаи байналмиллалӣ дар Индонезия

Тоҷикистон аз ҳисоби хонандагон олимпиадарав дар ҷаҳон намоён аст

© Фото: из личного архива Бахтовара Хотамова
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
29 0 0

Ҳамагӣ дар як сол хонандагони тоҷик дар озмунҳои 15 давлати дунё иштирок карданд, ки дар натиҷа 133 медал - аз он 22 тилло ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik.Хонадагони тоҷик аз ҳисоби ҷойҳои намоёни ишғолкардаи худ дар олимпиадаҳои байналмллалӣ дар ҷаҳон дар яке азҷойҳои  аввалин қарор доранд, хабар медиҳад Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Ба гуфтаи вазири маориф Нуриддини Саид ҳамагӣ дар соли гузашта хонандагони мактабҳо дар озмунҳои 15 давлати дунё иштирок карданд, ки дар натиҷа 133 медал аз он 22 медали тилло ба даст оварданд.

Яке аз намунаҳои дастоварди хонандагон ғолибияти хонандаи синфи 11 Мактаби байналмиллалии президентии шаҳри Душанбе Комила Шаҳидова мебошад. Вай дар олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанни забони русӣ дар Маскав ҷойи якумро ба даст овард.

Пештар хонандаи синфи 9 гимназияи "Ҳотам ПВ" Бахтовар Ҳотамӣ низ дар олимпиадаи байналмиллалӣ, дар Индонезия шуда мегузашт, аз фанни математика ҷойи якумро гирифта буд.

Барчаспҳо:
ҷоиза, Бахтовар Ҳотамов, Комила Шаҳидова, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ