06:32 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Тарбияи ҷисмонӣ дар мактаб. Акс аз бойгонӣ

Меҳнат ва тарбияи ҷисмониро дар ҶТ бо забони русӣ ба роҳ мемонанд

© Sputnik / Алексей Куденко
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
12101

Дар назар аст, ки дар мактабҳои тоҷикӣ дасрҳои тарбияи ҷисмонӣ ва меҳнат ба забони русӣ ба роҳ монда шавад

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik, Сергей Кузнетсов. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи дарсдиҳии фаннҳои тарбияи ҷисмонӣ ва меҳнатро ба забони русӣ баррасӣ мекунад.

Мақсади асосии навгонӣ тақвият додани омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои  Тоҷикистон мебошад.

Ноиби президенти Академияи илмҳои назди президенти ҶТ Ирина Каримова зимни ҷаласаи бахшида ба 25-слагии муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Русия дар ин робита чунин гуфт: "Албатта барои роҳандозии ин тарзи дарсгӯӣ донишгоҳҳои омӯзгорӣ бояд нақшаи таълимии худро барои баъзе ихтисосҳо таҷдид кунанд. Дар айни замон вазорати маориф ин масъаларо баррасӣ мекунад".

Ба қавли ӯ имрӯз дар баробари норасоии тақрибан 400 муаллимони забони русӣ, ва коҳиши омӯзгорони фаннӣ, дар кишвар тангшавии муҳити русзабонон мушоҳида мешавад.

"Бо сабаби муҳоҷирати русзабонони кишвар дар Тоҷикистон зарурати сӯҳбат кардан ба забони русӣ қариб ки аз байн рафтааст. Баракс имрӯз хонандагони мактабҳои русӣ  бо ҳамсинфони худ тоза бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд",-қайд кард Ирина Каримова.

Ҳамин тавр ин тағйироти сеюм дар соҳаи маорифи Тоҷикистон хоҳад буд. Қаблан Донишкадаи рушди маорифи назди Академияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо пешниҳоди шурӯъ шудани соли хониш аз моҳи август баромад карда буд.

Ин пешниҳод аз ҷониби маорифчиён дастгирӣ ёфта, қайд шуд, ки саршавии соли хониш як моҳ қабл, метавонад барои аз худ кардани барномаи таълимӣ ба хонандагон кӯмак кунад.

Дар баробари ин ҳукумати кишвар баъди 19 сол  дар фикри баргардонидани ҳарфи "Ц" ба алифбои забони тоҷикӣ шуд. Дар ҳоли ҳозир лоиҳаи тағйирот дар донишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Мавзуъ

Дар вазорати маориф ва илми Тоҷикистон телефони эътимод пайдо шуд
Вазорати маориф дастур дод, ки китоби президент омӯхта шавад
Вазорати маориф фаъолияти литсейҳои туркиро тамдид накардааст
Барчаспҳо:
меҳнат, тарбияи ҷисмонӣ, бо забони русӣ, Вазорати маориф, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ