22:54 17 январи 2018
Пахши мустақим
Акс аз Намоишгоҳи байнулмилалии омӯзишӣ. Баргирифта аз сафҳаи фейсбукии Манзура Ҷӯраева

Милиса аз баргузории Намоишгоҳи байнулмилалии омӯзишӣ дар Душанбе ҷилавгирӣ кард

© Фото: Манзура Ҷӯраева
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
9702

Нерӯҳои интизомии Тоҷикистон аз баргузории намоишгоҳи байнулмилалии омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе ҷилавгирӣ карда ва довталабону меҳмононро аз маҳалли баргузорӣ берун ронданд

ДУШАНБЕ, 1 АПР — Sputnik. Манзура Ҷӯраева, мудири аршади иҷроии Бунгоҳи омӯзишии "Мултикид", ки яке аз баргузоркунандагони ин намоишгоҳ аст,  имрӯз бо интишори изҳороти расмӣ дар сафҳаи фейсбукияш мақомоти Вазорати маорифу илми Тоҷикистонро муттаҳам ба ҷилавгирӣ аз баргузории ин намоишгоҳ кард.

Чуноне ки пештар хабар дода будем, қарор буд Намоишгоҳи байнулмилалии омӯзишӣ имрӯз дар сохтмони "Душанбе — Плаза" оғоз ба кор кунад. Дар ин намоишгоҳ, ки қарор буд ҳамчунин дар Хуҷанд низ баргузор шавад, беш аз даҳ донишгоҳ, коллеҷ, мактаб ва забонкада аз Британия, Амрико, Олмон, Кипр, Лаҳистон, Белорус, Чин, Корея, Чехия ва Малайзия барномаҳои омӯзишии худро барои довталабони таҳсил дар хориҷа муъаррифӣ мекарданд.

Аммо чуноне ки Манзура Ҷӯраева мегӯяд, дар охирин соатҳои "тайёрии пурмашаққат" барои баргузории намоишгоҳ, масъулин иҷозаи баргузории онро надодаанд. 

Вай навиштааст: "Ин иқдоми шахси Вазири маориф ва илми ҶТ мебошад, ки таҳсил дар хориҷи кишварро бизнеси шахсиаш мешуморад. Намоишгоҳе, ки дар он бояд 10 намояндаи давлатҳои гуногун иштирок мекарданд, новобаста аз фаъолияти қонунии мо қатъ карда шуд. Ҳамчунин гузарондани имтиҳони қабул ва муаррификунии донишгоҳҳо низ лағв шуд. Довталабоне, ки ба Намоиш омаданд ва меҳмонони хориҷӣ пароканда карда шуданд. Наворҳо ва аксҳои шахсӣ мусодира карда шуданд". 

Мудири аршади иҷроии Бунгоҳи омӯзишии "Мултикид" афзудааст: "Вазир манфиатҳои худро аз ҳама боло медонад ва танҳо ба «шарикон»-и худ, ки обрӯи шубҳанок доранду даҳҳо шаҳрвандро фиреби квотаю стипендия кардаанд, ҳамкорӣ мекунад. Беҳуда нест, ки Роҳбари давлат Вазорати маорифро яке аз фасодзадатарин сохтор номидааст, илова бар ин ҷомеаи шаҳрвандӣ кайҳост оид ба корбарӣ ва фасодии ин роҳбар баҳо додааст". 

Вай аз довталабони номнависшуда барои имтиҳонот, ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои мардумниҳоду байнулмилалӣ, сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ маъзарат хоста ва гуфааст: "Ман намегузорам, ки бо ташкилоти ман, ки аз соли 1999 барои ватанам хизмати назаррасе кард ва карда истодааст чунин рафтор кунанд. Ман ҳеҷ гоҳ бо тамғаҳои «шубҳанок» ва хусусан «ғайриқонунӣ» розӣ намешавам. Ва акнун ман ҳайронам, ки кистам — ҷинояткор ё мутахассисе, ки Президент бо медал барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф қадрдонӣ кардааст".

Манзура Ҷӯраева дар хотима таъкид кардааст: "Ман ҳануз боварӣ дорам, ки мо дар давлати ҳуқуқбунёд умр ба сар мебарем ва ин воқеа ҷомеаро бетараф немегузорад".

Мавзуъ

Таҳсили ройгон дар хориҷа: дар Душанбе ва Хуҷанд намоишгоҳҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Барчаспҳо:
намоишгоҳ, намоишгоҳи байнулмилалии омӯзишӣ, Бунгоҳи омӯзишии "Мултикид", Манзура Ҷӯраева, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ