01:33 28 апрели 2017
Пахши мустақим
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмиллалӣ медали тилло гирифтанд

Донишомӯзони тоҷик аз олимпиади байналмилалӣ дар Алмаато 22 медол оварданд

Дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
10610

Аз чиҳил донишомӯзе, ки Тоҷикистонро дар олимпиади байналмиллалӣ дар Алмаато намояндагӣ карданд, 2 кас медоли тилло, 8 кас медоли нуқра ва 12 кас медоли биринҷӣ ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар Олимпиади байналмилалии фанновариҳои иттилоъотии "INFOMATRIXASIA-2017", ки 13 то 16 апрел дар шаҳри Алмаато баргузор гадид, аз Тоҷикистон 40 донишомӯз ширкат дошт.

Чуноне сухангӯи Вазорати маориф ва илми ҶТ Эҳсони Хушвақт ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, дар ин олимпиад 400 донишомӯз аз 13 кишвар ширкат доштанд.

"Аз донишомӯзони тоҷик дар ин озмун 2 кас  медоли тилло, 8 кас медоли нуқра ва 12 кас медоли биринҷӣ ба даст оварданд", — гуфт вай.

Дар ин олимпиад Исмоил Ҳалимзод ва Ҳоҷимурод Ҳоҷимурод аз мактаби байналмилалии президентӣ бо пешниҳоди тарҳи худ сазовори медоли тилло шудаанд.

Бино ба гузориши сухангӯи вазорат, дигар медоловарон донишомӯзони мактабҳои шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Турсунзода ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки донишомӯзони тоҷик аз аввали сол то кунун дар олимпиадҳои гуногун 45 медол ба даст овардаанд.

Афзун бар ин, аз моҳи январи соли 2016 донишомӯзони тоҷикистонӣ дар олимпиадҳои байналмилалӣ дар Қазоқистон, Ҳуланд, Гурҷистон, Руминия, Ҳонконг, Амрико, Русия, Виетнам, Суис, Эрон ва Индонезия ширкат карда ва 127 медол ба даст овардаанд, ки аз он миён 21 то тилло, 33 то нуқра ва 73 то биринҷӣ аст.

Барчаспҳо:
хонандаҳои тоҷик, медали тилло, олимпиада, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ