22:53 17 январи 2018
Пахши мустақим
Профессор Додихудо Саймиддинов

Боз як Хуршед моро тарк гуфт: дар сӯги устод Додихудо Саймиддинов

© Фото: Komilzoda Ahmadshoh
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
13351

Забонишиноси номдор Додихудо Саймиддинов, раиси пешини Кумитаи забону истилоҳоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дуктури улуми забоншиносӣ, профессор, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, чеҳра дар ниқоби хок кашид

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Устод Додихудо Саймиддинов, ки солҳо боз аз омоси мағзӣ ранҷ мекашид, дишаб ҷон ба Ҷонофарин супурд. Маросими видоъ бо вай имрӯз, 2 май дар Душанбе баргузор ва намози ҷанозааш дар масҷиди Сари Осиё бар по шуд. Пайкари ӯро дар оромгоҳи ин маҳал ба хок супурданд.

Даргузашти устод Додихудо Саймиддинов ҷомеъаи илмии Тоҷикистонро дар сӯг нишонд. Бисёре аз донишмандону пажӯҳишгарону забондӯстон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ даргузашти ӯро зоеъае ҷуброннопазир барои илми забоншиносии Тоҷикистон шумурда ва ҳамдардии худро ба хонаводаву хешону пайвандону ҳамкоронаш изҳор карданд.

Устод Додихудо Саймиддинов 24 июни соли 1949 дида ба ҷаҳон кушуд. Вай соли 1973 донишкадаи забоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (он замон Донишгоҳи давлатии Ленин) ба поён бурд ва корманди Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рӯдакии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон шуд. Дар солҳои 1974 — 1976 дар бахши ленинградии Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шуравӣ коромӯзӣ карда буд. Ӯ дар солҳои 1976 — 1979 дар ҳамин пажӯҳишгоҳ давраи аспирантиро гузаронду сипас ҷустору пажӯҳиҳашро дар Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рӯдакӣ пеш бурд. Ҳосил аз он дифоъ аз поённомаи номзадии улуми забоншиносӣ дар мавзуъи «Ташреҳи забоншинохтии сутуни форсии миёна» дар соли 1982 ва дифоъ аз поённомаи дуктурӣ дар мавзуъи «Вожашиносии забони форсии миёна» дар соли 1999 буд.

Вай дар солҳои 1995 — 2000 муовини мудири Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт ва дар солҳои 2000 — 2005 мудири он буд. Дар солҳои 2005 — 2009 вакили Маҷлиси намояндагон буд ва дар он раёсати Кумита илм, маорифу фарҳанг ва умури ҷавононро бар уҳда дошт.

Шодравон дуктур Саймиддинов соли 2009 раҳбари Кумитаи забону истилоҳоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Дар замони раёсати вай дар ин Кумита буд, ки Қонуни забони давлатӣ ислоҳ ва дубора тасвиб шуд, ки аз он ҷумла донистани забони давлатиро барои соҳибмансабон ҳатмӣ кард. Ҳамон замон буд, ки имлои забони тоҷикӣ низ ислоҳ ва тасвиб шуд. Дуктур Саймиддинов дар моҳи декабри 2013 аз ин симат бознишаста шуд.

Устод Саймиддинов беш аз сад ҷустору пажӯҳишнома дар забоншиносӣ таълиф карда, ки муҳимтаринашон «Вожаномаи феълҳои паҳлавӣ» (соли 1992), «Фарҳангномаҳои форсии миёна» (соли 1994), «Истилоҳоти идории замони Сосониён» (соли 1995), «Вожашиносии забони форсии миёна» (соли 2001), «Адабиёти паҳлавӣ» (соли 2003), «Форсии бостон» (соли 2008), «Фарҳанги ҳузворишҳои паҳлавӣ» (соли 2008), «Пажуҳишҳои забоншиносӣ» (соли 2013) ҳастанд. Вай ҳачунин яке аз виросторони «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» буд, ки нашри дувум ва мукаммали он соли 2006 нашр шуда буд.

Осори илмиву пажӯҳишии вай ба забонҳои русиву инглисиву фаронсавӣ тарҷума ва дар маъруфтарин нашрияҳои  Маскав, Санкт-Петербург, Порис, Суед ва дар фаслномаҳои илмиву фарҳангии Афғонистону Эрон мунташир шудаанд. Чунончи, яке аз пажӯҳишҳояш — «Вожашиносии забони форсии миёна», дар Эрон беҳтарин пажӯҳиш дар эроншиносии хориҷӣ дониста шуд ва Китоби сол унвон гирифт.  Вай ҳамчунин барои пажӯҳишҳояш «Фарҳангномаҳои форсии миёна» ва «Истилоҳоти идории замони Сосониён» барандаи Ҷоизаи Мавлавии Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ-форсӣ шудааст.

Дуктур Додихудо Саймиддинов беш аз 20 шогирд тарбия карда, ки бо роҳнамоии ӯ поённомаҳои дуктурӣ дифоъ кардаанд. Вай дар соли 2011 ба узвияти Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам пазируфта шуда буд. Ӯ пас аз устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ва устод Абдулқодир Маниёзов, севумин донишмади тоҷик буд, ки узви ин ниҳоди илмиву пажӯҳишии байнулмилалӣ шуд.

Давлати Тоҷикистон хадамоти илмиву пажӯҳишӣ ва давлатии ӯро бо нишони «Шараф» дараҷаи II қадрдонӣ кардааст.

Худованд биёмурзод ӯро ва шикебоӣ диҳод хонаводаву наздикону пайвандонашро.

Барчаспҳо:
сӯгворӣ, даргузашт, Додихудо Саймиддинов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ