15:26 23 июни 2017
Пахши мустақим
Медалҳо.

Тилло аз духтарон, биринҷӣ аз писарон: медолҳои донишомӯзони тоҷик дар ИМА

© Фото: Официальный сайт МВД Таджикистана
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
5630

Донишомӯзони тоҷик дар Амрико дар озмуни илмӣ ширкат карда ду медали тилло ва чаҳор медали биринҷиро соҳиб шуданд

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Аз 12 то 17 июн дар шаҳри Освегои ИМА озмуни байналмилалии илмӣ дар мавзуъи зистбумшиносӣ "GENIUS-2017" баргузор гардид.

Бино ба иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ, Тоҷикистонро дар ин озмун шаш донишомӯз муаррифӣ карданд.

Онҳо аз ИМА бо ду  медоли тилло ва чаҳор медали биринҷӣ баргаштанд.

Медалҳои тиллоро донишомӯзони мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе — Маҳина Муҳаммад ва Сабрина Давлатова гирифтанд.

Медалҳои биринҷӣ насиби Анварҷон Раҳимов ва Дилшодҷон Абдураҳимов аз мактаб-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқат ва Акбарҷон Ҳақдодову Сомон Гулмаҳмадов аз мактаби байналмилалии Душанбе шуд.

Дар ин озмун донишомӯзони 73 кишвар бо 791 тарҳи илмӣ бо якдигар рақобат карданд. Тоҷикистонро дар ин озмун шаш донишомӯз муаррифӣ карда, ҳамаи онҳо соҳиби як медалӣ шуданд.

Сухангӯи вазорати маорифи Тоҷикистон хабар дод, ки аз авоили соли равон донишомӯзони тоҷик дар даҳҳо олимпиада ва озмунҳои байналмилалӣ ширкат карда, 87 медол, аз ҷумла 14 медоли тилло, 33 нуқра ва 40 медоли биринҷӣ ба даст овардаанд.

Мавзуъ

Хонандагон дар олимпиадаи байналмиллалӣ бо 10 медал парчами Тоҷикистонро боло карданд
Ду мусобиқа, ду медал: ғолибияти Мутриба Ҳотамӣ дар Эрон
Барчаспҳо:
ду медали тилло, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ