01:08 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Донишҷӯёни қирғиз, акс аз бойгонӣ

Гувоҳинома эътибор надорад: донишомӯхтагон мадраки таҳсилии ғалат дарёфт карданд

© Пресс-служба президента КР / Султан Досалиев
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
9510

Пас аз маросими дарёфти гувоҳиномаи поёни таҳсил ошкор шуд, ки дар корномаи таҳсилии замимааш хатое сар задааст: дар он ба ҷойи "Бе гувоҳинома эътибор надорад" навиштаанд "Гувоҳинома эътибор надорад"

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати омӯзишу парвариши Ҷумҳурии Қирғизистон, чанд ҳазор аз донишомӯхтагони мактабҳои миёна дар ин кишвар гувоҳиномаи таҳсилие дарёфт кардаанд, ки дар онҳо хатои чопӣ роҳ ёфтааст.

Пас аз маросими дарёфти гувоҳиномаи поёни таҳсил дар моҳи июн ошкор шуд, ки дар корномаи таҳсилии замимааш хатое сар задааст: дар он ба ҷойи "Бе гувоҳинома эътибор надорад" навиштаанд "Гувоҳинома эътибор надорад".

"Дар раванди чопи гувоҳиномаҳои поёни таҳсил хатои фаннӣ сар задааст. Ҳамакнун он мадракҳои таҳсилӣ, ки донишомӯхтагон дарёфт кардаанд, иваз карда мешаванд", — гуфтан дар вазорат ба хабаргузорӣ.

То кунун вазорат беш аз 8 ҳазор гувоҳиномаро иваз карда, аммо ба иллати камбуди сарбаргҳои омода, ин ниҳод наметавонад ҳама гувоҳиномаҳоро то поёни давраи баргузории имтиҳоноти вуруд ба донишгоҳҳо иваз кунад, аз ин рӯ аз донишгоҳҳо дархост шудааст, ки феълан ҳамон корномаҳои хаторо бипазиранд.

Гувоҳиномаҳои донишомӯхтагоне, ки мехоҳанд таҳсилашонро дар хориҷ аз Қирғизистон идома бидиҳанд, зудтар иваз карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки пеш аз ин Хадамоти сабти давлатии Қирғизистон дар 40 ҳазор сарбарги зоднома иштибоҳан "ақдномаи издивоҷ" чоп карда буданд. Ин хатои чопӣ сабаб шуд, ки беш аз 12 ҳазор шаҳрванд, ки аз парвозҳо ва гузаргоҳҳои марзӣ пас гардонда шуда буданд, аз ин ниҳод ба Додситонии кулли Қирғизистон шикоят баранд ва Додситонии кулл ҳам барои баррасии ин қазия парванда оғоз карда буд.

Барчаспҳо:
иштибоҳ, шаҳодатнома, донишҷӯ, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ