21:53 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Ученики в таджикской школе

Тоҷикистон барои ширкатҳои хориҷии мактабсоз имтиёзоти молиётӣ медиҳад

© Фото: Пресс-служба президента Таджикистана
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
3401

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар будҷаи соли 2018 барои ширкатҳои паймонкоре, ки дар кишвар мактабу дигар бунгоҳҳои омӯзишӣ месозанд, имтиёзҳои молиётӣ дар назар гирифтааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки бештари ин имтиёзот барои ширкатҳои хориҷӣ дода мешаванд, ки дар кишвар бунгоҳҳои омӯзишӣ месозанд.

"Ҳукумати ҶТ дар будҷаи соли 2018 барои ширкатҳои хориҷии паймонкоре, ки дар Тоҷикистон мактаб месозанд, имтиёзоти молиётӣ дар назар гирифтааст", — гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Аз ҷумла ширкатҳое, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Сарбанд, Қурғонтеппа, Файзобод ва Данғара мактаб месозанд, ингуна имтиёзотро доро хоҳанд шуд. Қарор аст дар ин мактабҳо аз 320 то 1 200 донишомӯз таҳсил кунад.

Ёдоварӣ мекунем, ки аз оғози сол то кунун дар шаҳри Душанбе 12 бунгоҳи омӯзишӣ ба баҳрабардорӣ расида ва 19 бунгоҳ, аз ҷумла 4 сохтмон барои донишгоҳҳо, як толори варзишӣ барои дабиристон ва 14 мактаб, ҳамакнун сохта мешаванд.

Чанде пеш вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Российская газета" гуфта буд, ки Маскав ва Душанбе масъалаи сохтусози 5 мактаби русӣ дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистонро баррасӣ доранд.

"Бар пояи тавофуқоти сарони ду кишвар дар моҳи август 28 омӯзгор аз минтақаҳои гуногуни Русия барои кор дар мактабҳои маҳаллӣ ба Тоҷикистон омаданд, 60 ҳазор китоби дарсӣ бо забони русӣ фиристода шуд. Масъалаи сохтусози 5 мактаби русӣ дар шаҳрҳои калони ин кишвар дар дасти баррасӣ қарор дорад", — тавзеҳ дод вай.

Сергей Лавров ин матлабро дар мақолаи "Корёрие, ки аз озмоиши замон гузаштааст" баён карда буд, ки ба муносибати 25-умин солгарди роҳандозии равобити сиёсӣ миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мунташир шудааст.

Ҳамакнун дар саросари Тоҷикистон камубеш 30 мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ ба забони русӣ фаъол аст, ки дар онҳо беш аз 17 ҳазор донишомӯз таҳсил мекунад.

Мавзуъ

Вазорати маориф: ба хонандагон дастур надодаем, ки ба мактаб чормағзу оҳанпора оранд
Сафи занони мансабдор зиёд мешавад: ташкили "Мактаби лидерӣ" дар Хуҷанд
Русия дар Тоҷикистон 5 мактаби русӣ бунёд мекунад
Омӯзгори амрикоӣ $30 ҳазор буҷаи мактабро дар казино барбод дод
Омӯзгори доғистонӣ аз мушкилоти мактабҳои Тоҷикистон мегӯяд
Чаро дар ҷашни Истиқлол ширкат накардӣ?: ҳокими ноҳия мудирони мактабҳоро "муштборон" кард
Бунёди мактаби нав дар деҳаи Рухчи водии Бартанг
Барчаспҳо:
мактабсозӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ