Донишомӯзони тоҷик чанд рӯз ба таътили зимистона мераванд

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаУченики в таджикской школе
Ученики в таджикской школе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи ҷадвали таътил донишомӯзони тоҷик имсол 30 рӯз, аз 1 то 31 январ ба таътил мебароянд

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Донишомӯзони тоҷик дар таътили зимистонӣ 30 рӯз истироҳат хоҳанд кард.

"То имрӯз ба ҷадвали таътил ягон тағйирот ворид нашудааст. Мактаббачагон 30 рӯз истиррҳат хоҳанд кард. Эҳтимол дар оянда ҷадвали таътил дигар шавад, вале дар айни замон ҷадвали таътил тағйир нахоҳад ёфт", — гуфт мудири раёсати таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи Вазорати маориф ва илми ҶТ Абдуҷаббор Алиев.

Донишомӯзон дар зимистон як моҳ таътил доранд

Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзҳои таътили зимистонаи донишомӯзони тоҷик оғоз аз соли 2010-2011 бештар карда шуданд. Яъне муҳассилини тоҷик аз 1 то 31 январ ба таътил мебароянд. Вале дар ин росто таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ аз ҷадвал бардошта шуданд.

Ҳукумат чунин қарорро дарёфти замони мувофиқ барои олимпиадаҳо ва давраҳои бозомӯзӣ барои омӯзгорон гуфт.

Тибқи ин қарор танҳо донишомӯзони синфи 1-ум ба таътили тирамоҳӣ мебароянд.

Қарор буд, ки саршавии соли таҳсил аз рӯзи 1 сентябр ба 1 август гузаронида шавад. Мутахассисон қайд мекунанд, ки пас аз муҳокимаи ин масъала ба хулоса омадаанд, ки оғози соли хониш аз авоили август барои донишомӯзии кӯдак муфид аст. Вале ин фикр дастгирӣ нашуд.

Чанд рӯз пеш дар Душанбе омодагӣ ба ҷашни Соли нави мелодӣ оғоз шуд.

Мақомоти шаҳр аллакай ба ороиши арчаи солинавӣ оғоз кард. Имсол баландии арча 25 метр буда, қутри он 12,5 метр мебошад.

Ба гуфти мудири идораи давлатии рекламаи берунӣ Нурҷон Исмоилов, арча ба пуррагӣ то 10-уми декабр оро дода хоҳад шуд.

Ин арча аз ҳисоби маблағи соҳибкорони маҳаллӣ ва шаҳрдори Душанбе насб мешавад.

Лентаи хабарҳо
0