Дар Душанбе омӯзгоре, ки шогирдашро зада буд, танбеҳ шуд

© Sputnik / Сергей ЕщенкоУчебный класс, архивное фото
Учебный класс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе барои яке аз шогирдонашро торсакӣ задан танбеҳ шуд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. София Қосимова, омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонии №21, барои даст бардоштан бар сари донишомӯз танбеҳ дода шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА ба нақл аз раиси Идораи омӯзиши томактабӣ ва миёнаи Вазорати маорифу илми Тоҷикистон.

"София Қосимова, ки бисёр сол дар мактаби миёна омӯзгорӣ мекунад, бар сари донишомӯзи синфи 8-ум Моҳчеҳра Боқиева даст бардоштаву ӯро барои халал додан дар гузарондани дарс торсакӣ зада ва талаб кардааст, ки пушти мизи охир бинишинад", — гуфтааст Абдуҷаббор Алиев.

Бино ба ин гузориш, София Қосимова аз мудири мактаб ва Вазорати маорифу илм танбеҳ ва шогирдаш низ ихтор гирифтааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар авоили моҳи декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоие мунташир шуда буд, ки дар он омӯзгоре бо шогирдаш ҷанҷол дошт. Ин навор дар шабакаи Фейсбук вокунишҳои густардаеро дар пай дошт.

Лентаи хабарҳо
0