12:54 16 январи 2018
Пахши мустақим
Арчаи солинавӣ, акс аз бойгонӣ

Вазорати маориф: дар мактабҳо оро додани арчаи солинавӣ мамнуъ аст

© Sputnik / Александр Полегенько
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон (18)
163 0 0

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълом кард, ки оро додани арчаи солинавӣ қатъиян мамнуъ аст

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ороиши арчаи солинавиро дар мактабҳои Тоҷикистон мамнуъ кард.

Бино бар иттилои сухангӯи ниҳод Эҳсон Хушвақт қарори мазкурро имрӯз аз ҷониби мушовараи вазорат қабул шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, ин қарор бо хоҳиши волидон қабул карда шуд, то аз ҷамъоварии маблағ дар маткабҳо дар остонаи Соли нав пешгирӣ шавад.
Гуфта мешавад, ин қарор дар умум бо мақсади пешгирӣ аз исрофкорӣ мебошад.

"Бештари волидон ба телефонҳои боварии Вазорати маориф тамос гирифта, хоҳиш карданд, ки бо мақсади пешгирӣ кардани ҷамъоварии маблағ ороиши арча дар мактабҳо мамнуъ шавад",- гуфт вай.

Вазорат афзудааст, ҷавонон метавонанд дар маросимҳои солинавие, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ баргузор мешавад, ширкат кунанд.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки имсол тибқи ҷадвали таътил донишомӯзони тоҷик имсол 30 рӯз, аз 1 то 31 январ ба таътил мебароянд.

Рӯзҳои таътили зимистонаи донишомӯзони тоҷик оғоз аз соли 2010-2011 бештар карда шуданд. Яъне муҳассилини тоҷик аз 1 то 31 январ ба таътил мебароянд. Вале дар ин росто таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ аз ҷадвал бардошта шуданд.

Ҳукумат чунин қарорро дарёфти замони мувофиқ барои олимпиадаҳо ва давраҳои бозомӯзӣ барои омӯзгорон гуфт.

Мавзуҳо:
Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон (18)
Барчаспҳо:
арчаи солинавӣ, қарори мушовара, Эҳсон Хушвақт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ