Аҳмадшоҳи Комилзода аз ҳавзаи Шоҳмансури Душанбе номзад шуд

© Страница А. Комилзода в FacebookАҳмадшоҳ Комилзода. Акс аз бойгонӣ
Аҳмадшоҳ Комилзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократии Торҷикистон гуфтааст, ҳуҷҷатҳои Комилзода 12 январ дар ин ҳавза пешниҳод шуда буд.

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Аҳмадшоҳи Комилзода, рӯзноманигори тоҷик дар ҳавзаи якмандатии рақами 3-и ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ҳамчун номзад аз Ҳизби демократии Тоҷикистон ба интихоботи Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шуд, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократии Торҷикистон гуфтааст, ҳуҷҷатҳои Комилзода 12 январ дар ин ҳавза пешниҳод шуда буд.

Рӯзноманигор Аҳмадшоҳи Комилзода бар ин назар аст, ки дар Маҷлиси намояндагон афроди касбу тахассусҳои мухталиф ҳастанд, аммо рӯзноманигорон ангуштшуморанд ва ё шояд ҳеҷ нафаре ҳам набошад ва аз ин рӯ, ҳузури рӯзноманигорон ҳамчун вакил дар таҳияи қонунҳои муҳим барои кишвар ва баррасии масоили ҷидии ҷомеа, зарур аст.

Номи Аҳмадшоҳи Комилзода дар феҳрасти ягонаи Ҳизби демократӣ дар ҷои чорум қарор дорад.

Дар гузашта низ рӯзноманигорони тоҷик ба мисли Раҷаби Мирзо, Адолати Мирзо, Толибшоҳ Саидзода, Саймиддин Дӯстов ҳамчун номзад ба интихоботи Маҷлиси намояндагон дар корзори интихоботӣ ширкат карданд, вале ба парлумон роҳ наёфтанд.

Лентаи хабарҳо
0