ҲНИТ аз болои раиси Шӯрои уламо ба додгоҳ шикоят мебарад

© Sputnik / Амир ИсаевСаидмукаррам Абдулқодирзода. Акс аз бойгонӣ
Саидмукаррам Абдулқодирзода.  Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба андешаи намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ, раиси Шӯрои уламо аснои баромадаш тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон даст ба сиёҳкунии ҲНИТ задааст.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. ҲНИТ тасмим гирифтааст, раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода ва устоди донишкадаи исломӣ Раҳим Каримов (Мулло Абдураҳим)-ро барои таблиғоташон алайҳи ин ҳизб ба додгоҳ кашонад, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) тасмим гирифтааст, ки раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ (муфтиёти собиқ)-и Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ва устоди донишкадаи исломӣ  Раҳим Каримов (Мулло Абдураҳим)-ро барои таблиғоташон алайҳи ин ҳизб аз тариқи телевизиони давлатӣ ба додгоҳ кашонад.

Зурафо Раҳмонӣ, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ рӯзи 25-уми январ  гуфт, имрӯз дар Шӯрои сиёсии ҳизб маҳз масъалаи таблиғот алайҳи ҳизб ва бадномкуниаш тариқи расонаҳо баррасӣ шуд.   

"Дар ин Шӯро тасмим гирифта шуд, ки ба якчанд мақолаҳо, ки дар ҳафтаномаву маҷаллаҳои мустақил алайҳи ҳизб дар ин авохир ба нашр расидаанд, посух гуфт шавад. Тасмимамон ин шуд, ки раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода ва Мулло Абдураҳим Каримовро барои бадномкунии ҲНИТ тариқи телевизион ба додгоҳ бикашем. Чунки бадномкунии як ҳизби сиёсӣ, ки дар интихобот ширкат мекунад, тибқи қонуни интихобот мумкин нест",- иброз доштааст Раҳмонӣ.

Рӯзи 22-уми январ дар як барномаи шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва Абдураҳим Каримов, устоди Донишкадаи исломӣ дар мавриди фаъолияти ҳизби динӣ дар кишвар изҳори назар карда гуфтанд, сифати "исломӣ" аз номи ҷизби наҳзати исломии Тоҷикистон бояд бардошта шавад.Чунки ба ба таъкиди эшон, аксари кулли мардуми Тоҷикистон мусулмонанд ва ҳизби наҳзат аз калимаи "Ислом" сӯистифода мекунад. Гуфтанист, Раҳим Каримов аз фармондеҳони собиқи мухолифин аст, ки дар пайи имзои созишномаи сулҳ як муддат бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин аз номи ҲНИТ раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон шуда буд.  

Интихоботи вакилони порлумони Тоҷикистон ба рӯзи 1-уми март таъин шудааст. ҲНИТ дар ин сабқат бо 27 номзади хеш ширкат хоҳад кард.

 

Лентаи хабарҳо
0