Дар Тоҷикистон таблиғоти интихоботӣ оғоз ёфт

© Sputnik / Светлана МайороваИнтихобот. Акс аз бойгонӣ
Интихобот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон вақти муайянеро ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихоботи порлумонӣ ширкат мекунанд, вогузошт. Дар ин барнома нахуст раҳбари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон суханронӣ кард.

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Таблиғоти қаблазинтихоботии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе бо суханронии раҳбари Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров, ки аз фаъолияти ҳукумати феълӣ пуштибонӣ кард, тавассути шабакаи давлатии телевизионӣ оғоз шуд, хабар медиҳад CA-News.

Зимни баррасии масоили иҷтимоӣ Ғаффоров пешниҳод кард, ки ба занҳо ҳуқуқи аз 50 солагӣ бознишаста шудан дода шавад ва ҳукумат барои кӯдакон аз хонаводаҳои нодор суратҳисоби вижа таъсис дода ҳар моҳ ба он 110 сомонӣ (ҳудуди $20) пардохт кунад, "то ки то замони ба балоғат расидани кӯдак дар ин суратҳисоб маболиғи зарурӣ барои таҳсилоти олӣ ҷамъ шавад".

Ҳар як ҳизби сиёсӣ имкон дорад барномаи интихоботии худро дар шабакаи аввали телевизиюни давлатӣ тавзеъ диҳад. Ба ҳизбҳо 40 дақиқаги вақти ройгони телевизиюнӣ ва барои номзадҳо аз феҳрасти ҳизбӣ як маротиба камтар вақт дода мешавад.

Дар интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ ҳафт ҳизб аз ҳашт ҳизби сабти номшуда ширкат мекунанд. Ҳизби сотсиал-демократ то ҳол дар бораи ширкат ва ё таҳрими ин интихобот тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.

Тибқи феҳрастҳои ҳизбӣ 90 номзад ба 22 курсӣ дар порлумон сабти ном шудаанд. Аз ҳавзаҳои ҷудогона теъдоди номзадон бамаротиб бештар аст.

Интихоботи ҳайати панҷуми Маҷлиси намояндагон 1 март баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0