23:45 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Дафтар ва қалам

Устоди президент аз имтиҳони забони Комиссия интихоботӣ нагузашт

© Flickr/ Jose Jiménez
Интихобот - 2015
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Муаллими собиқи раиси ҷумҳурии феълии Тоҷикистон ба далели ҳусни хати бад натавонист аз имтиҳони комиссияи интихоботӣ гузарад.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Хол Камолов, муаллими раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сӯйи Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон ба вакилии маҷлиси ноҳияи Данғара пешниҳод шуда буд, дар Комиссияи маркази интихобот ба далели нагузаштан аз имтиҳони забони тоҷикӣ сабт нашудааст, хабар медиҳад сомонаи ҲНИТ.

Якҷо бо вай 9 номзади пешниҳодии ҲНИТ аз 22 нафар натавонистаанд аз имтиҳони забони тоҷикӣ гузаранд.

"Забондонҳо, ба гуфтаи манбаъ, аз аъзои ҲНИТ аз ҷумла пурсидаанд, ки "банди дуввуми қонуни кишвар дар бораи забони давлатӣ чист?", дар бораи синонимҳо ва калимаҳои мурракаб ва амсоли ҳамин суол кардаанд", — зикр шудааст дар сойт.

Ба навиштаи манбаъ, далели аз имтиҳон нагузаштани муаллими раиси ҷумҳур ҳусни хати бадаш будааст, ҳарчанд чунин наҳваи имтиҳон бори нахуст истифода мешавад. Ҳизбиён бар ин назаранд, ки чунин шева   дуруст нест.

Ҳамчунин зикр мешавад, ки муаллими солхурда водор шудааст тӯли ду соъат дар роҳрави сард натоиҷи имтиҳонро интизор бишавад.

Номзадҳои интихоботи вакилон ба порлумон ва маҷолиси маҳаллӣ муваззафанд аз забони тоҷикӣ имтиҳон бисупоранд: дар як саҳифа навиштани тарҷумаи ҳол, қироъати на камтар аз як саҳифаи матн ва сӯҳбат ба мавзӯъоти пешниҳодшуда. Барои ин имтиҳон ба онҳо як соат вақт ҷудо мешавад.

Онҳо дар мавзӯи Қонуни асосӣ, истиқлолият, рамзҳои давлатӣ, қаҳрамонҳои Тоҷикистон, Рӯзи ваҳдати миллӣ, аҳзоби сиёсӣ, шаҳри Душанбе ва танзими расму ойин, дар бораи муваззафоти волидайн дар тарбияи фарзанд ва нерӯгоҳи Роғун сӯҳбат мекунанд.

Интихоботи вакилон ба маҷолиси маҳаллӣ 1 март, ҳамзамон бо интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон баргузор мешавад.

Мавзуъ

Президент: “ба интихобот ва оромии кишвар хиёнат накунед”
Муовини раиси ҲНИТ аз Кӯлоб номзади интихобот шуд
Барчаспҳо:
имтиҳони интихоботӣ, ҲНИТ, Хол Камолов, Эмомалӣ Раҳмон, Данғара, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ