00:26 18 августи 2017
Пахши мустақим
Газета Коммунисти Точикистон

Нашрия комунистон бо шиорҳои Ленин аз чоп баромад

© Sputnik Амир Исаев
Интихобот - 2015
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Шиори асосии ин нашрияро ҳамоно “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!” оро медиҳад

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. "Коммуниси Тоҷикистон" — нашрияи Ҳизби комунистии Тоҷикистон баъд аз 6 соли сабти ном бо шиорҳои Ленин аз чоп баромад.

Дар сафҳаи асосии нашрия таърихи дақиқи чопи он дарҷ нагардида, комунистон бо навиштани №1, январи 2015 иктифо кардаанд. Аммо санаи бақайдгирии нашрия дар вазорати фарҳанг 9 марти соли 2009 нишон дода шудааст. Ба ин тартиб, баъд аз 6 соли бақайдгирӣ нашрияи коммунистон бори аввал ва он ҳам дар арафаи интихоботи парлумонӣ ба нашр мерасад.

Зимнан, ахбори охири ҲКТ дар "Коммуниси Тоҷикистон" чоп шудааст. Ҳам баҳси Анҷумани эшон ва ҳам чеҳраҳои номзадҳои ин ҳизб ба интихоботи парлумонӣ дар саҳфаҳои нашрия ҷой дода шудааст.

Шиори нашрия ҳамоно "Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!" аст. Ҳамзамон, Исмоил Талбаков, ҷониши раиси ҳизб ва номзади дувуми коммунистҳо аз рӯйхати ҳизбӣ, дар мақолаи худ шиори дигари Ленин — Аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ ба ҳар кас мувофиқи меҳнаташро истифода кардааст.

Ба назар мерасад, ки коммунистҳо бо истифода аз шиорҳои ленинӣ мехоҳанд бори дигар шуҳрати аз дастрафтаашонро баргардонанд.

"Коммунисти Тоҷикистон" дар ҳаҷми 8 саҳифа бо ду забон; русӣ ва тоҷикӣ нашр шудааст.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз ҷумлаи он аҳзобе аст, ки бо доштани шумори зиёди аъзо то кунун дастгоҳи таблиғотии пурнуфуз надорад. Ин ҳизби дар гузашта пурқудрат ва соҳиби телевизиону радиову нашрияву маҷалла дар ҳоли ҳозир на нашрияи доимамалкунанда дорад ва на сомонаи интернетӣ.

Ин ҳизб дар Тоҷикистон соли 1929 таъсис шуда, то соли 1991 аз нуфузи бепоёне бархурдор буд. Бо пошхурии шӯравӣ, коммунистон низ дар Тоҷикистон беэътибор шуданд.

Дар ҳоли ҳозир ин ҳизб 45 ҳазор узв дорад ва ҳамагӣ 2 аъзояш дар Маҷлиси намояндагон вакил ҳастанд.

Коммунистон ба интихоботи навбатии барлумонӣ 15 номзад пешниҳод карданд, аммо ҳамагӣ 7 номзади онҳо то марҳилаи бақайдгирӣ расиданд.

Барчаспҳо:
2 забон, 8 саҳифа, 1 шумора, арафаи интихобот, чоп, нашрия, Ҳизби коммунист, Исмоил Талбаков, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ