00:25 25 феврали 2017
Пахши мустақим
Рамзи ҲНИТ дар дафтари марказии он дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Шикояти муаллими райисҷумҳур ба додгоҳ

© Sputnik
Интихобот - 2015
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Хол Камолов, устоди раисҷумҳури Тоҷикистон ва узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломии кишвар, ки ба далели “ҳусни хати зебо надоштан” номзадияшро ба қайд нагирифтанд, ба додгоҳ шикоят бурдааст.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Аризаи шикоятии Холов рӯзи гузаштаи 5-уми феврал ба додгоҳи ноҳияи Данағара ирсол шудааст, менависад сомонаи ҲНИТ.

Ба гуфтаи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ин ташкилоти сиёсӣ дар баробари устоди Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, 10 нафар аз номзадони ҲНИТ дар Данғара низ, ки ба хотири нагузаштан аз имтиҳони забони давлатӣ сабти ном нашуданд, ба додгоҳ шикоят бурдаанд.

Манбаъ мегӯяд, Хол Камолов, сокини 82-солаи ноҳияи Данғара мебошад, ки дар гузашта ба ҳайси омӯзгори фанни математика кор кардааст ва ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мактаби миёна дарс гуфтааст. Қаблан ҲНИТ аз сабти ном нашудани 10 вакили худ дар Данғара бо шумули Камолов хабар дода, гуфт, комиссияи имтиҳонотӣ ӯро барои он ноком эълон кардааст, ки ҳусни хаташ гӯиё бад будааст.

Оқои Файзраҳмонов афзуд, имрӯз инчунин ду номаи шикоятӣ унвони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҳам ирсол карда, аз монеагузорӣ ва фишор болои вакилони худ аз сӯи мақомот хабар додаанд. Аз КМИР талаб шудааст, "дар асоси қонун амал кардани масъулини ҳавзаҳои интихоботиро таъмин" намояд.

Ҳамчунин, номаҳои шикоятии ҲНИТ, яке аз Ашт дар масъалаи фишор болои фаъолони ҳизбӣ ва дигаре аз Ваҳдат оид ба тарзи имтиҳони номзадҳои маҳаллӣ ва ноком кардани бархе аз онҳо мебошад.

Мавзуъ

Раиси ҲНИТ бо ҳайати нозирони САҲА дидор кард
ҲНИТ баҳсашро бо муфтӣ додгоҳӣ намекунад
КМИҲ Тоҷикистон 27 номзади интихоботии ҲНИТ сабти ном кард
Барчаспҳо:
шикояти устоди президент, додгоҳи Данғара, ҲНИТ, Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмудҷон Файзраҳмонов, Хол Камолов, Данғара, Тоҷикистон