06:32 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Кори парлумони ҷадид 17 март шуруъ мешавад

© Sputnik
Интихобот - 2015
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Ҷаласаи нахустини даври панҷуми Маҷлиси намояндагон бо фармони президент 17 март баргузор мешавад. Ин ба он маънист, ки парлумони ҷадид кори худро аз он рӯз шуруъ мекунад.

ДУШАНБЕ, 6 март — Sputnik. Нахустин ҷаласаи даври панҷуми Маҷлиси намояндагон 17 март барпо мешавад, навиштааст сомонаи президент.

Ин ба он маънист, ки кори парлумони ҷадид ва вакилони тозаинтихоб аз он рӯз шуруъ хоҳад. Дар робита президент фармонеро ба тасвиб расонидааст.

Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 1 март баргузор шуд. Тибқи натиҷаҳои раъшумории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, аз 63 курсии вакилӣ 51-тои онро Ҳизби ҳокими халқии демократӣ, ки роҳбариашро президент Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш дорад, соҳиб шуд.

Ин бор ду ҳизби умдаи мухолифи ҳукумат — Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунистӣ натавонистанд вориди парлумон шаванд.

Барчаспҳо:
вакилон, сиёсат, интихобот, нахустин, 17 март, ҷаласа, парламент, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ