07:25 21 январи 2018
Пахши мустақим
Здание Барки Точик. Архивное фото

Қарзи "Барқи тоҷик" дар назди "Сангтӯда-1" 2 млн. доллар афзоиш ёфт

© Sputnik Амир Исаев
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Роҳбарияти НБО-и “Сангтӯда-1” ба ҳукумати ҷумҳури муроҷиат карда гуфтааст, ширкати “Барқи тоҷик” ӯҳдадориҳояшро дар назди неругоҳ дар мавриди пардохти ҳаққи истифодаи барқ иҷро намекунад ва аз ин рӯ мушкилоти андоз пеш омадааст.

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Новобаста аз бахшидани қарзҳои  ШСҲК "Барқи тоҷик" дар назди неругоҳи "Сангтӯда-1", қарзи он 2 миллион доллар афзоиш ёфта, дар ҳоли ҳозир ба 83 миллион доллар баробар шудааст, итилоъ медиҳад сомонаи "Сангтӯда-1".

Ба қавли манбаъ, дар фасли зимистон мизони қарзи ширкати Барқи тоҷик афзоиш ёфта, аз 415 миллиону 70 ҳазор ба 427 миллиону 600 ҳазор сомонӣ расидааст. Ин рақам дар нисбати ба панҷ моҳ қабл,ки ҳудуди 415 миллион сомонӣ буд 28 миллион сомонӣ бештар аст.

Барои раҳоӣ аз бӯҳрони молиявӣ парлумони кишвар қарзи "Барқи тоҷик"-ро дар назди НБО-и "Сангтӯда-1" ҳудуди 30 миллион сомонӣ (муодили 5,5 миллион доллар) кам карда буд.

Қаблан, маъмурияти НБО-и "Сангтӯда-1" ба ҳукумати ҷумҳури муроҷиат карда гуфта буд, ки ширкати "Барқи тоҷик" ӯҳдадориҳояшро дар назди неругоҳ дар мавриди пардохти ҳаққи истифодаи барқ иҷро намекунад ва аз ин рӯ мушкилоти пардохти андоз пеш омадааст.

Дар ҳамин ҳол, ширкати "Барқи тоҷик" аз неругоҳи "Сангтӯда-2", ки бо мусоидати молии ширкати эронии "Сангоб" бунёд гардидааст, қарздор мебошад. Ҳукумати ҷумҳурии исломӣ барои эҳдоси ин неругоҳ ҳудуди 180 миллион доллари амрикоӣ масраф кардааст. Қарзи "Барқи тоҷик" бошад дар назди ин неругоҳ то тобистони соли равон ба 30 миллион доллар баробар шуда буд.

ШСК "Сангтӯда-1" ширкати муштараки Русия ва Тоҷикистон буда, соли 2005 таъсис ёфтааст.

Тавоноии ин неругоҳ ба 670 МВт баробар аст. Чархаи аввалини неругоҳ 20 январи соли 2008 ба кор андохта шуд ва дар моҳи ибли соли 2009 бо ба кор даромадани чор чархаи боқимонда неругоҳ пурра ба фаъолият пардохт. НБО-и "Сангтӯда-1" 15 % —и барқи умумии тавлидӣ дар кишварро истеҳсол мекунад.

 

Барчаспҳо:
ӯҳдадориҳо, коҳиш, қарз, Сангтӯда-2, Сангтӯда-1, Эрон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ