01:35 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Хатти интиқоли барқи Панҷакент. Акс аз бойгонӣ

БОР барои беҳбуди таъмини барқ дар Панҷакент $54 млн ихтисос медиҳад

© Flickr/ joepyrek
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Бонки Осиёии Рушд барои беҳбуди вазъи таъмини Панҷакент бо нерӯи барқ тавассути насби ҳисобкунакҳои барқӣ, трансформаторҳои ҷадид ва бунёди 95 километр хатти барқ ба ҳукумати Тоҷикистон кӯмаки билоивази молӣ кард.

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Маросими имзои қарордод миёни Бонки Осиёии Рушд (БОР) ва вазорати молияи Тоҷикистон дар чорчӯби тарҳи "Тақвияти ҳисоб ва беҳбуди таъмини барқ" 27 январ дар Душанбе баргузор шуд, омадааст дар баёнияи ин вазоратхона.

Барои иҷрои ин тарҳ $67 миллион ҷудо мешавад, ки $54 миллион аз ин маблағ кӯмаки билоъивази БОР ва саҳми ҳукумати Тоҷикистон — $13 миллион мебошад.

Қарордоди билоъиваз аз сӯйи вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов ва намояндаи БОР дар Тоҷикистон Си Си Ю имзо шуда, созишномаи иҷрои ин тарҳро раиси ширкати "Барқи тоҷик" Рустам Раҳматзода ва раҳбарияти намояндагии ин бонк имзо карданд.

"Ин тарҳ барои беҳбуди интиқоли нерӯи барқ ба сокинон ва корхонаҳои кишвар тавассути коҳиши мизони талафот, ки аз роҳи назорат бар интиқоли нерӯи барқ ва беҳбуди зарфияти хатҳои интиқоли нерӯи барқ дар шаҳри Панҷакент равона шудааст", — омадааст дар баёния.

Дар сурати иҷрои ин тарҳ дар тӯли 10 сол 1100 ҳисобкунакҳои барқӣ насб мешаванд, ки мизони талафоти барқро 1,5 % коҳиш медиҳад.

"Ин тарҳ ҳамчунин насби трансформаторҳо ва таҷҳизоти дигар, кашидани 95 км хати интиқоли барқ аз ноҳияи Рӯдакӣ то зеристгоҳи Айнӣ бо зарфияти 320 меговатт ва бозсозии ин зеристгоҳҳоро дар назар дорад", — гуфта мешавад дар баёния.

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон: камбуди нерӯи барқ мушкилоти №1 дар Тоҷикистон аст
Тақозои Раҳмон барои хотимаи тақсимоти ноодилонаи барқ
Қарзҳои ширкати “Барқи тоҷик” аз 5 миллиард сомонӣ бештар шуд
Барчаспҳо:
беҳбуди таъмини барқ, БОР, Абдусалом Қурбонов, Си Си Ю, Панҷакент, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ