07:19 21 январи 2018
Пахши мустақим
Қоҳир Расулзода ва Игор Шувалов

Тоҷикистон бори дигар қавл дод, ки қарзҳои "Сангтӯда-1"-ро медиҳад

© Sputnik / Сергей Субботин
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Ширкати “Барқи тоҷик” бояд талош кунад, ки мизони қарзҳояш аз “Сангтӯда-1” афзоиш наёбад ва қарзи аслӣ барои нерӯи барқи тавлиди ин нерӯгоҳро, ки андозааш аз $75 млн бештар шудааст бозпас бидиҳад.

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Мавзӯъи қарзҳои ширкати "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Русия, ки 4 март дар Маскав баргузор шуд, баррасӣ гардид, хабар медиҳад сойти "Россия для всех".

Саҳми ҷониби Русия дар маблағи таъсисотии ин нерӯгоҳ 75% аст.

То авоили моҳи феврали соли 2015 "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" 454,1 миллион сомонӣ (беш аз $75 млн) қарздор мебошад.

"Қарзҳои ҷорӣ дар соли 2014 "Барқи тоҷик" тақрибан надошт. Танҳо як маблағи ночизе ҳаст. Тавофуқ шуд, ки дар соли 2015 низ афзоиши ин қарз сурат нагирад. Дар ин замина мушкиле вуҷуд надорад", — иброз дошт сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов.

Дар ин музокирот ҳамкорӣ дар бахши энержӣ дар маҷмӯъ баррасӣ шуданд, вале ба гуфтаи сафир, тарҳи мушшахасе бо мушорикати ҷониби Русия дар қаламрави Тоҷикистон матраҳ набудааст.

Қарзи "Барқи тоҷик" дар тӯли куллияи солҳои харидории нерӯи барқ аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" аз соли 2008 бад ин су ҷамъ шудааст. Аз он замон нерӯгоҳ ба ширкати "Барқи тоҷик" ба маблағи 1 миллиарду 97,2 миллион сомонӣ нерӯи барқ фурӯхтааст.

Дар поёни соли 2014 қарзи "Барқи тоҷик" барои харидории нерӯи барқи тавлиди "Сангтӯда-1" 439,5 миллион сомонӣ ё $82,4 миллион (тибқи мизони арзии БМТ $1=5,33 сомонӣ) буд. Дар оғози моҳи декабри соли 2014 мизони қарзҳо муъодили 427,6 миллион сомонӣ ва дар моҳи ноябр 418 миллион сомонӣ буд.

Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ширкати муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки дар моҳи феврали соли 2005 ба манзури анҷоми сохтмон ва истифодаи нерӯгоҳ дар рӯдхонаи Вахш дар Тоҷикистон таъсис шуда буд.

Зарфияти нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" 670 МВт мебошад. Чархаи аввали нерӯгоҳ 20 январи соли 2008 фаъол шуда буд. Мавриди истифодаи комил қарор гирифтани ин нерӯгоҳ бо чаҳор чарха 31 июли соли 2009 сурат гирифт.

Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ҳудуди 15% куллияи тавлидоти нерӯи барқ дар Тоҷикистонро таъмин мекунад.

Мавзуъ

Қарзи "Барқи тоҷик" аз "Сангтӯда-1" бештар аз 454 миллион сомонӣ шуд
Қарзҳои ширкати “Барқи тоҷик” аз 5 миллиард сомонӣ бештар шуд
Барчаспҳо:
бозпас медиҳад, қавл дод, баррасии қарзҳои "Барқи тоҷик", сафорати ҶТ дар Русия, "Сангтӯда-1", БМТ, Имомуддин Сатторов, Тоҷикистон, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ