01:01 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Валентин Новоженин. Акс аз бойгонӣ

Новоженин: сохтмони Роғунро коршиносони БҶ имконпазир гуфтанд

© Фото: АО "Институт Гидропроект"
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
15730

Мувофиқи маълумоти мақомоти Тоҷикистон сохмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз рӯи реҷаи муқарраршуда, идома дорад. Машваратчии директори генералии “Институт Гидропроект” оид ба масъалаҳои техникӣ Валентин Новоженин мегӯяд, ки сохтмони чунин иншооти бузург меҳнати 8-соларо талаб мекунад.

Ба қавли ӯ ин иншооти беназир буда, дар ҷаҳон ягона аст.

-Барои чӣ ИҶШС сохтмони Роғунро ба охир нарасонид?

— Нерӯгоҳи барқи обии Роғун иншооти бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки сохтмони он дар сурати маблағгузории зарурӣ аз 5 то 8-солро талаб мекунад.

То соли 1991-ум сохтмони ин иншоот  ба охир нарасида буд. Аз соли 1992-юм бошад, вазъияти Тоҷикистон барои ба итмом расонидани сохтмони бузург имкон надод.

-Мушкилоти асосии сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар чӣ аст?

— Мушкилоти сохтмони нерӯгоҳ нишондиҳандаҳои сохторӣ ва мураккабии шароити табиии истоҳ мебошад.

Нерӯгоҳ сарбанди баландиаш 335 метр бо ҳаҷми 70 млн м³-ро дар бар мегирад, ки мувофиқи чунин нишондод, бузургтарин иншооти ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Ин комплекси бузурги энергетикӣ бо иншооти зеризаминӣ мебошад. Иншоот дар шароити табиӣ, бо хусусиятҳои мушкили муҳандисӣ, геологӣ ва хатари баланди заминҷунбӣ сохта мешавад.

-Вақтҳои охир дар бораи хатари сохтмони Роғун ба кишварҳои ҳамсоя ва вазъи оби онҳо зиёд  гуфта мешавад. Оё ин ҳақиқат дорад?

— Бояд дарк кард, ки ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон оиди сохтмони Роғун аз ҷониби коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар доираи барномаи Ташхиси байналмиллалӣ, санҷида шуд.

Натиҷаҳои ташхис  сохтмони нерӯгоҳи Роғунро  ҳам аз ҷиҳати шароити сохтмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати таъсири он ба вазъи оби Вахш ва Амударё имконпазир хонд.

Мавзуъ

Бонки АвруОсиё дар барқарорсозии НБО Роғун маблағгузорӣ мекунад
Коршинос: ба раисҷумҳури ӯзбекон бояд ҳақиқати гапро дар бораи Роғун гуфт
НБО Роғун: Аз нишондодҳо то ба далелҳо
Эмомали Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар “Роғун” шинос шуд
Барчаспҳо:
имконпазир, сохтмони нерӯгоҳ, НБО "Роғун", Бонки ҷаҳонӣ, Новоженин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ