07:56 24 январи 2017
Пахши мустақим
Алоқаи барқ. Акс аз бойгонӣ

“Барқи тоҷик”: лимити барқ се соат кам карда шуд

© Sputnik / Сергей Мальгавко
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
4110

Дар пайи ба кор даромадани маркази барқу гармидиҳии “Душанбе -2” бо иқтидори 300 мегават соат, лимити барқӣ дар Тоҷикистон се соат кам карда шуд

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар бастагӣ бо ба истифода дода шудани маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" лимити барқӣ бардошта шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкати "Барқи тоҷик".

Акнун минтақаҳо пагоҳӣ аз соати 05-00 то 10-00 ва бегоҳӣ аз соати 17-00 то 22-00 барқ мегиранд.

Манбаъ қайд мекунад, ки бо ҳамин тартиб лимити барқ се соат кам карда шуд.

Чанде қабл маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" бо иқтидори 300 мегават аз ҷониби президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Арзиши умумии лоиҳа 349 миллион доллари амрикоӣ буда, аз он 17 миллиону 443 ҳазор доллар саҳми ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Хишти аввали сохтмони навбати дуюми маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 300 мегават аз тарафи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда буд.

Мавзуъ

Иқдоми солинавии "Барқи тоҷик": 1,5 рӯз пурра барқ хоҳед дошт
Барчаспҳо:
аз 17-00 то 22-00, аз 05-00 то 10-00, се соат кам, лимити барқ, "Барқи тоҷик", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ