22:37 17 декабри 2017
Пахши мустақим
Ноқилҳои барқ. Акс аз бойгонӣ

Якҷоя тақсим мекунем: Русия омода аст дар тарҳи CASA-1000 саҳм гирад

© Sputnik / Сергей Пивоваров
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
14601

Ба қавли вазири об ва энергетикаи Афғонистон Русия хостори ширкат дар тарҳи CASA-1000 шудааст

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Русия омода аст дар тарҳи CASA-1000 саҳм гирад хабар медиҳад Тоҷик. Та.

Дар ин бора Алӣ Аҳмад Oсмонӣ, вазири об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳошияи намоишгоҳи ЭКСПО-2017 дар Остона хабар додааст.

Ба гуфтаи вазири афғон дархост аз ҷониби Русия бо имзои муовини вазири энергетикаи Русия ин кишвар ворид шудааст ва Кобул қабул кардааст.

"Мо аз ҳукумати Русия дархосте гирифтем, ки эшон хосторанд  дар лоиҳаи CASA-1000, ки интиқоли неруи барқро аз Осиёи Марказӣ ба Ҷанубӣ, аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон пешбинӣ мекунад, ҳамроҳ шаванд. Онҳо мехоҳанд ду хатро якҷо карда дар содироти неруи барқ ба Осиёи Ҷанубӣ ширкат кунанд, зеро Русия дар Тоҷикистон НБО-и Сангтӯдаро дорад".

Ёдовар мешавем, ки хазинаи куллии бунёди қитъаи тоҷикистонии CASA-1000 бо шумули вомҳову кумакпулиҳо аз 351 миллион доллар иборат аст. Саҳми ҳукумати ҶТ дар ин тарҳ ҳамагӣ 15 миллион доллар арзёбӣ мегардад. Қарор аст, ин тарҳи энержии минтақаӣ соли 2020 ба анҷом расад.

Арзиши куллии тарҳ беш аз 1 миллиард доллар мебошад. Иҷрои тарҳ барои Тоҷикистон 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион доллар, Афғонистон 354 миллион доллар ва Покистон 209 миллион доллар ҳазина дорад.

Мавзуъ

Тоҷикистон ва Покистон тендерҳои лоиҳаи CASA-1000-ро муҳокима мекунанд
Маросими ифтитоҳи CASA-1000 дар ҶТ баргузор мешавад
CASA-1000: аз моҳи май Тоҷикистон ба иҷрои тарҳ шурӯъ мекунад
СБР барои CASA-1000 ба Тоҷикистон $45 миллион ихтисос дод
Барчаспҳо:
хостор, ҳамкорӣ, CASA-1000, Алӣ Аҳмад Oсмонӣ, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ