00:22 18 августи 2017
Пахши мустақим
В высокогорном селе Нисур открылось энергетическое кафе

Нахустин "энержӣ-нетсаро" дар Помир ба баҳрабардорӣ расид

© Фото: Экологическая организация "Маленькая Земля"
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
187 0 0

Ин "энержӣ-нетсаро" бунгоҳе аст, ки муштариён метавонанд дар он бо пардохти маблағе аз хадамоти интернет ва нерӯи барқ баҳра бигиранд ва ҳамзамон чойу қаҳва ҳам бинӯшанд

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар деҳи Нисур — яке аз рустоҳои дараи Бартанг дар Кӯҳистони Бадахшон нахустин "энержӣ-нетсаро" дарашро ба рӯи корбарон боз кард.

Ин "энержӣ-нетсаро" маконе умумӣ аст, ки муштариён метавонанд дар он бо пардохти маблағе аз хадамоти интернет ва нерӯи барқ баҳра бигиранд ва ҳамзамон чойу қаҳва ҳам бинӯшанд.

Ин "энержӣ-нетсаро"-ро созмони экологии "Замини хурд" ва Анҷумани Норвежии ҳифозат аз табиъат бо пуштибонии бунёди "EKOenergy" сохтаву роҳандозӣ кардаанд.

Дар канори ин нетсаро як дастгоҳи нерӯсози хуршедӣ бо зарфияти 1 кВт гузошта шуда, ки аз чаҳор панели хуршедӣ, ду ботрии ҳелиумӣ, инвертер (тадбилдиҳандаи ҷараёни мустақим ба ҷараёни тағйирёбанда) ва танзимкунандаи ботрӣ ташкил шудааст.

Ин дастгоҳ чандон нерӯ тавлид мекунад, ки ҳам нетсароро рӯшан кунад ва ҳам ду роёна ва як чопгарро роҳ андозад. Ботрии хуршедӣ дар тули рӯз чандон нерӯ захира мекунанд, ки ҳам то чанд соат пас аз ғуруби офтоб барқ дастрас бошад ва дар рӯзҳои абрӣ ҳам битавон аз хадамоти ин нетсаро истифода кард.

Темур Идрисов, яке аз кормандони созмони "Замини хурд" мегӯяд, ба далели камбуди будҷа ин созмон ва мардуми Нисур қарор додаанд ҳар кадоме саҳме дар ин тарҳ бигзоранд. Чунончи, сохтмонро барои нетсаро мардуми деҳа ройгон сохта ва созмони деҳдорӣ низ чанд мизу сандалӣ додааст. Кормандони "Замини хурд" нармафзори роёнаҳоро ройгон насбу роҳандозӣ кардаанд ва кумаки фаннӣ расондаанд.

"Энержӣ-нетсаро" тарҳе тиҷорӣ аст. Муштариён аз Нисур ва дигар рустоҳо метавонанд дар он бо пардохти маблағе аз хадамоти интернет баҳра бигиранд, ботрии телефунҳои ҳамроҳашонро пур ва санаду мадракҳояшонро чоп кунанд ва ҳамзамон чойу қаҳва ҳам бинӯшанд.

Кормандони "Замини хурд" чанд ҷавони рустоиро барои кормандӣ дар "энержӣ-нетсаро" омӯзиш дода ва баҳрабардорӣ аз роёна, интернет ва дастгоҳи хуршедиро ба онҳо ёд додаанд.

"Умедворем, ки "энержӣ-нетсаро" бунгоҳе хоҳад шуд, ки рустонишинон битавонанд бо нархи арзон ба интернет дастрасӣ дошта бошанд ва аз он чораҳое барои ҳалли мушкилоти худ пайдо кунанд", — мегӯяд Антон Тимошенко, сарпарасти созмони "Замини хурд".

Роҳандозони ин тарҳ боварманданд, ки ин нестаро роҳро барои густариши корбурди фанновариҳои сарфаҷӯ ва энержии баргаштпазир дар дигар минтақаҳо низ боз кунад.

Мавзуъ

Муқбилшоҳ Аламшоев: забонҳои помирӣ ба хатт ниёз доранд
Аз боло гузаред: тоҷикон дар Маскав "хонаи помирӣ" бунёд карданд
"Энержии оянда": ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар оғози кори намоишгоҳи "Остона ЭКСПО - 2017"
Узбакистон баҳрабардорӣ аз энержии баргаштпазирро густариш хоҳад дод
Барчаспҳо:
энержии хуршедӣ, энержӣ-нетсаро, нетсаро, энержии баргаштпазир, Замини хурд, EKOenergy, Тоҷикистон-Помир

Мавзӯъҳои асосӣ