18:04 16 декабри 2017
Пахши мустақим
Бемористони Ибни Сино дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Нахустин ҷарроҳии шоҳраг дар беморхонаи Ибни Синои Душанбе

© Sputnik Игорь Лекаркин
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
29 0 0

Дар Маркази Ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ба бемор ташхиси омоси миёнадевор гузошта, ба Бемористони Ибни Сино барои пурра намудани ташхис фиристода мешавад.

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои аввалин бор амалиёти ҷарроҳии шоҳраг  анҷом шуд, иттилоъ медиҳад сомонаи беморхонаи Ибни Сино.

"Ҷарроҳони эронӣ ва тоҷик бори аввал дар Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳии резектсияи аневризмаи шоҳраг ва ивази қисми болораванда, камонак ва поёнравандаи он бо протези рагӣ дар шароити хунгардиши сунъӣ ва кардиоплегияи фармакосардиро анҷом доданд",- қайд мекунад сарчашмаи хабар.

Ба қавли пизишкони ин табобатгоҳ, бемори 56-солаи амалиётшуда пас аз ҷарроҳӣ худро хуб эҳсос мекунад ва айни ҳол ба хонааш рафтааст. Гуфта мешавад, ин бемор зиёда аз 5 сол гирифтори бемории фишорбаландии шараён буда, 3 сол пеш дар яке аз беморхонахои шаҳри Маскави Русия аз муоинаи пизишкон гузашта будааст.

"Он вақт аневризмаи шоҳраг муайян гардида, амалиёти ҷарроҳӣ пешниҳод гардидааст, вале бемор худдорӣ намудааст. Вақтҳои охир шикоятҳои дарди қафаси сина ва пастшавии овоз пайдо шуда, зиёд гаштанд".

Зимнан, бемор бо ин шикоятҳо ба Маркази Ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ муроҷиат намудааст. Он ҷо ташхиси омоси миёнадевор гузошта, ба Бемористони Ибни Сино барои пурра намудани ташхис фиристода мешавад. 

Барчаспҳо:
ташхиси бемор, табибони эронӣ, ҷарроҳии шоҳраг, бемористони Ибни Сино, Маскав, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ