Беҳтарин табибони рус барои саломатии Ислом Каримов мубориза бурданд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкВазири тандурустии ФР Вероника Сквортсова. Акс аз бойгонӣ
Вазири тандурустии ФР Вероника Сквортсова. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи табибони қалб бо роҳбарии мутухассиси машҳур Лео Бокерией якчанд рӯз кӯшиш карданд, ки ҳаёти Ислом Каримовро наҷот диҳанд.

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Табибони Русия пас аз гирифтор шудани Ислом Каримов ба сактаи майнаи сар кӯшиш намуданд, ки ӯро табобат намоянд.

Чуноне ки вазири тандурустии Русия Вероника Сквортсова ба оҷонсии РИА Новости хабар додааст, ба Тошканд ду гурӯҳи мутухассисони рус, аз ҷумла гурӯҳи табибони қалб бо роҳбарии ҷарроҳи машҳур Лео Бокерией фиристода шуда буданд. Онҳо дар муддати якчанд рӯз барои наҷот додани ҳаёти Каримов мубориза бурданд.

Марди дучархарон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нафақахӯре ба хотири Ислом Каримов 521 километрро бо дучарха тай намуд

"Табибон  тавонистанд, ки бисёре аз амалҳоро анҷом диҳанд, онҳо якчанд рӯз барои ҳаёти ӯ мубориза мебурданд",- мегӯяд Сквортсова.

Президенти аввалини Ӯзбакистон Ислом Каримов дар синни 78-солагӣ дар натиҷаи ба сактаи майнаи сар гирифтор шудан, вафот кард.Ӯ дар зодгоҳи худ шаҳри Самарқанд мувофиқи оинҳои мусалмонӣ ба хок супорида шуд. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо чашмҳои ашколуд президенти худро алвидоъ гуфтанд.

Лентаи хабарҳо
0