07:57 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Нурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ

Назарбоев то охири ҳафта аз вохӯриҳои байналмиллалӣ худдорӣ мекунад

Фотохост-агентство
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо далели шамолхӯрӣ бистарӣ шудааст. Дар ҷаласаи СПАД, ки дар Ереван баргузор мегардад ба ҷои президент нахуствазири кишвар иштирок мекунад.

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар давоми ҳафта дар вохӯриҳои байналмиллалӣ ишитрок намекунад, хабар медиҳад сухангӯи раисҷумҳур Айдос Укибой.

Рӯзи сешанбе хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон хабар дод, ки президент бо далели шамолхӯрӣ бистарӣ шудааст.

"Тағйиротҳо ба вуҷуд омада, то охири ҳафта президенти кишвар дар вохӯриҳои байналмиллалӣ иштирок нахоҳад кард. Ба ҷои раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар ҷаласаи СПАД, ки дар Ереван доир мегардад, сарвазири кишвар иштирок хоҳад кард",-иттилоъ дод Укибой дар саҳифаи хадамоти матбуоти президент дар Facebook.

Ба гуфти ӯ баъди анҷом ёфтани таботат президент ба реҷаи кории муқарраршуда бармегардад.

Дар баробари ин сухангӯи хадамоти президенти Ҷумҳурии Қазоқистон илова кард, ки "ин танҳо табобати оддӣ дар пайи шамолхӯрӣ аст, дар умум вазъи саломатии раисҷумҳур хуб аст".

Дар давоми ҳафтаи ҷорӣ Нурсултон Назарбоев бояд ба Озарбойҷон ва Арманистон мерафт.

Барчаспҳо:
шамолхӯрӣ, президент, табобат, Нурсултон Назарбоев, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ