Каме беҳтар: духтари Назарбоев дар бораи вазъи саломатии падараш

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкДарига Назарбоева. Акс аз бойгонӣ
Дарига Назарбоева. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо далели шамолхӯрӣ бистарӣ шудааст. Дар ҷаласаи СПАД, ки дар Ереван баргузор мегардад ба ҷои президент нахуствазири кишвар иштирок мекунад.

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Вазъи саломатии президенти Қазоқистон Нурсултон назарбоев "беҳтар" шуд, изҳор дошт духтари роҳбари давлат, вакили сенат (палатаи болоӣ)-и парлумон ҶҚ Дарига Назарбоевва.

"Вазъи саломатии президент дар ҳоли ҳозир аллакай беҳтар шуд",-гуфт Дарига Назарбоева рӯзи панҷшанбе ба рӯзноманигорон.

Рӯзи сешанбе хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон хабар дод, ки президент бо далели шамолхӯрӣ бистарӣ шудааст.

Нурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Назарбоев то охири ҳафта аз вохӯриҳои байналмиллалӣ худдорӣ мекунад

"Тағйиротҳо ба вуҷуд омада, то охири ҳафта президенти кишвар дар вохӯриҳои байналмиллалӣ иштирок нахоҳад кард. Ба ҷои раисҷумҳури Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев дар ҷаласаи СПАД, ки дар Ереван доир мегардад, сарвазири кишвар иштирок хоҳад кард",-иттилоъ дод Укибой дар саҳифаи хадамоти матбуоти президент дар Faceboob.

Чанде қабл президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбооев низ бо сабаби бемории қалб ба рухсатӣ баромада дар беморхонаи марказии шаҳри Маскав табобат гирифт. Дар роҳи сафар ба ҷаласаи 71-умини Ассамблеяи Генералии СММ ба Ню-Йорк раисҷумҳури Қирғизистон ноҷурии қалб эҳсос карда буд.

Лентаи хабарҳо
0