03:25 27 июни 2017
Пахши мустақим
Aga Khan Khorog Medical Centre

Бемористони Оқохон дар шаҳри Хоруғ сохта мешавад

© Фото: Ismailimail
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
659145

Бемористони Оқохон дар маҳаллаи Бар-Хоруғ бунёд хоҳад шуд ва пешрафтатарин хадамоти беҳдоштиву дармониро ба дармонҷӯён хоҳад расонд

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Тарҳи сохтмони "Бемористони Оқохон" дар шаҳри Хоруғ дирӯз дар телеконфронсе миёни раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва масъулини Созмони беҳдошти Оқохон дар Осиёи Миёна ва Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Бино ба гузориши сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед дар ин телеконфронс оғози бунёди Бемористони Оқохон дар шаҳри Хоруғро "натиҷаи ҳамкориҳои судманди ҳукумати Тоҷикистон бо Шабакаи тавсеъаи Оқохон" хонд.

Амид Чирвач, муҳандиси Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар муъаррифии ин тарҳ гуфт, ки он бо илҳом аз хонаи бадахшонӣ тарроҳӣ шудааст. Вай гуфт, ки сохту сози бемористон имсол тобистон оғоз мешавад ва он бояд дар тобистони соли 2019 ба баҳрабардорӣ бирасад. Сохтмонро бо истифода аз масолеҳи маҳаллӣ хоҳанд сохт.

Мудири барномаҳои беҳдоштии Шабакаи тавсеъаи Оқохон Кайсбертус Варлавен ҳам гуфт: «Бунёди Бемористони Оқохон дар шаҳри Хоруғ заминае барои беҳинасозии хадамоти беҳдоштӣ, афзоиши донишу пешакории пизишкони маҳаллӣ ва дастрасии дармонҷӯён ба хадамоти пизишкиву дармонии сатҳи ҷаҳонӣ хоҳад шуд».

Вай гуфт, сохторҳои Бунёди Оқохон умедворанд, ки ин тарҳро бо ёриву ҳамкории ҳукумати ВМКБ баҳангом ва бо кайфияти боло иҷро хоҳанд кард.

Шодихон Ҷамшед аз масъулини Шабакаҳои Бунёди Оқохон дар Осиёи Миёна ва Тоҷикистон барои амалисозии ин тарҳи бузург дар маркази вилоят аз номи бадахшониён сипосгузорӣ кард.

1 / 4
Телеконфронси раиси ВМКБ ва масъулини Созмони беҳдошти Оқохон дар Осиёи Миёна ва Тоҷикистон
Барчаспҳо:
беҳдошту дармон, Созмони беҳдошти Оқохон, Бемористони Оқохон, Шодихон Ҷамшед, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ