20:07 17 октябри 2017
Пахши мустақим
боздошти гумонбар, акс аз бойгонӣ

Корманди коллеҷи пизишкӣ дар Хуҷанд ба ҷурми ришваситонӣ боздошт шуд

© Sputnik /
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
11301

Яке аз кормандони омӯзишгоҳи пизишкӣ дар Хуҷанд ба иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудааст, хабар медиҳад равобити умумии ВКД Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Равобити умумии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Хуҷанд яке аз кормандони коллеҷи пизишкӣ ба иттиҳоми ситонидани ришва боздошт шудааст.

Кормандони нерӯҳои интизомӣ дар паи анҷоми бозҷуст сокини 51-солаи шаҳри Хуҷандро дастгир карданд, ки 17 апрели соли 2017 аз зани 22-солаи сокини ноҳияи Ашт барои ворид кардани шиносаш ба омӯзишгоҳи пизишкӣ 700 дулори амрикоӣ ришва хоста ва ҳамон рӯз соати 19:30 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ҳангоми дарёфти ин маблағ боздошт шуд. Далели шайъӣ гирифта шуд.

Кормандони умури дохила барои бозрасӣ ба ин қазия парванда оғоз карда ва бозҷӯӣ доранд.

Ин қазия дар ҳоле рух дода, ки чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд як пизишк ба иттиҳоми анҷом надодани вазифааш боздошт шуда буд. Ба гузориши расонаҳо, аз саҳлонгароии ин пизишк кӯдаки 2-солае ҷон бохта буд.

Барчаспҳо:
ришва, боздошт, корманди тиб, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ